“Спитамен Бонк” ба ширкати сохтмонии “Авитсенна” доир ба қарзи нави ипотекиаш презентатсия гузаронид - Спитамен Бонк

“Спитамен Бонк” ба ширкати сохтмонии “Авитсенна” доир ба қарзи нави ипотекиаш презентатсия гузаронид

09.06.2016

“Спитамен Бонк” бо намояндагони ширкати “Авитсенна” вохӯрӣ гузаронида, дар рафти он дар бораи маҳсули нави худ – қарзи ипотекӣ маълумоти пурра пешниҳод намуд. Зимни вохӯрӣ бартариҳо ва шартҳои қарзӣ ипотекӣ, ки барои харид ва таъмири манзил пешбинӣ шудааст, муҳокима гардиданд.

Presentation.jpg

Ба намояндагони ҶСШК “Авитсенна” доир ба тамоми масъалаҳо маълумот дода шуда, мисолҳои мушаххас ва тавсияҳо оид ба усулҳои беҳтари ҳалли масоил ҳангоми кор бо қарзҳои ипотекӣ пешниҳод гаштанд. Инчунин қайд гардид, ки қарз на танҳо барои хариди манзилҳои истиқоматӣ, балки барои сохтани хона ва ширкат кардан дар сохтмони шарикӣ низ дода мешавад.

“Мо аз пайдо шудани ин имконияти хуби тоза барои мизоҷонамон хушнудем. Аз тарафи худамон, гумон мекунам, метавонем ҳамроҳи шарикони сохтмон кӯшиш кунем, моли ғайриманқули барои харид муқаррар шуда ҳамчун гарав қабул гардад, чунки, барои шахсони соҳиби амволи ғайриманқул набуда, ин яке аз масъалаҳои душвор ба ҳисоб меравад. Пештар мо чунин қарздиҳиро дар ширкатҳои молиявии дигар баррасӣ карда будем, аммо чунин шароитҳои муносибро дар ягон ҷо, ғайр аз “Спитамен Бонк”, ба мо пешниҳод накарда буданд. Умедворам, ки ин танҳо қадами аввалин дар ин соҳа мебошад ва дар ояндаи наздик харидани хонаи худ боз ҳам осонтар мегардад”, – гуфт, баъд аз вохӯрӣ, директори тиҷоратии ҶСШК “Авитсенна”, Комил Холиқов.

ҶСШК “Авитсенна” яке аз ширкатҳои бомуваффақест, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрошёна, фаъолият мекунад. Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ширкат мебошад. Мувофиқи нақша солҳои 2016 – 2017 “Авитсенна” 104 ҳазор метри мураббаъ масоҳаи манзилро ба истифода медиҳад. Имрӯз ширкат се лоиҳаи калони сохтмони маҷмааи манзили истиқоматии элитаиро дар қисми марказии Душанбе амалӣ месозад: “Ватан”, “Ҳушанг” ва “Симурғ”. Ҳар як маҷмааа аз 16 то 24 ошёна дорад.


Бозгашт