“Спитамен Бонк” ба барномаи баландбардории саводнокии молиявӣ ҳамроҳ шуд - Спитамен Бонк

“Спитамен Бонк” ба барномаи баландбардории саводнокии молиявӣ ҳамроҳ шуд

22.06.2016

“Спитамен Бонк” ба барномаи баландбардории саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамроҳ гардид. Барномаи мазкур аз тарафи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ба роҳ монда шуда, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария (SECO) ва бо шарикии институтҳои молиявӣ амалӣ мегардад.

Созишнома аввали июни соли 2016 ба имзо расид. “Ин барномаи хеле зарур ва муҳимест, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат карда, сабаби баландашавии некӯаҳволии онҳо, ташаккулёбии маҳсулоту хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ мешавад ва, ба қадри имкон, ба рушди иқтисодиёти мамлакат имдод мекунад”, – гуфт Раиси Раёсати “Спитамен Бонк”, Ниёзмурод Саидмуродов.

Дар чаҳорчӯбаи созишнома “Спитамен Бонк” чорабиниҳои гуногун, ки барои баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ равона мешаванд, хоҳад гузаронид.

Созишномаи мазкур яке аз қисмҳои барномаи умумии “Спитамен Бонк” доир ба баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, ки аз баҳори соли 2016 амал мекунад, буда се самти асосиро дар бар мегирад:

Баландбардории саводнокии молиявии аҳолии баркамол.
Баландбардории саводнокии молиявии донишҷуён.
Баландбардории саводнокии молиявии талабагони синфҳои боло.


Бозгашт