Ширкаткунандагони “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” лоиҳаҳои худро ҳимоя намуданд - Спитамен Бонк

Ширкаткунандагони “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” лоиҳаҳои худро ҳимоя намуданд

19.07.2016

Якшанбеи гузашта, 17 июл, дар сессияи ниҳоии курсҳои “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ”, ширкаткунандагони барнома лоиҳаҳои тиҷоратии худро, ки дар доираи курсҳо таҳия шудаанд, бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Дар ин рӯз лоиҳаиҳои тиҷоратии иштирокчиёни барнома пешниҳод гардиданд. Лоиҳаҳо фаъолиятҳои мухталифи соҳибкориро, аз парвариш ва фурӯши замбурӯғ то хизматрасонӣ дар соҳаи технологияҳои информатсионӣ, фаро гирифта буданд. Яке аз андешаҳои беҳтарине, ки аз тарафи коршиносону меҳмонон қадрдонӣ гардид, ташкили мактаби шоҳмотбозӣ барои кӯдакон “Доҳии шоҳмот” буд. Ҳамаи ширкаткунандагон соҳиби сертификати тасдиқкунандаи иштирок ва ҳимояи лоиҳаи тиҷоратӣ шуданд.

“Ширкаткунандагони барнома он рӯзеро, ки баробари калонсолон бо ҳарфи тиҷорат сухан гӯянд ва лоиҳаи тиҷоратии худро ба коршиносон пешниҳод кунанд, аз оғози сессия интизор буданд. Барои омода сохтани лоиҳаҳо иштирокчиён тадқиқотҳову пурсиш гузаронида, соҳаҳои писандидаашонро, ки дар он фаъолият бурдан мехостанд, омӯхтанд” – гуфт тренери барномаи Т-МВА Нигор Абдуаҳадова.

“Дастгирии барномаи мазкур аз ҷониби “Спитамен Бонк” тасодуфӣ нест. Маводи омӯзишӣ ва усули дарсдиҳӣ, ки дар доираи барномаи мазкур истифода шуданд, ба талаботҳои омӯзиши асосҳои тиҷорат ва баландбардории саводнокии молиявии кӯдакону наврасон ҷавобгӯ аст. Ин курсҳо яке аз қисмҳои барномаи умумии баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ мебошанд, ки ҳамин сол аз тарафи бонки мо қабул шуда аст ва аллакай натиҷаҳояшро дида истодаем”, – хабар дод Аъзои Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк”, муовини аввали Раиси Раёсати Бонк Умедҷон Ҳикматов.

Курсҳои “Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ” бо дастгирии молиявии ҶСП “Спитамен Бонк”, дар якҷоягӣ бо барномаи Т-МВА, аз 08 май то 17 июли соли ҷорӣ баргузор гардиданд. Дар сессияҳо наврасони аз синни 14 то 18 сола иштирок карданд.

Курсҳо аз шонздаҳ сессия иборат буда, якуним моҳ идома ёфтанд. Дар давоми ҳамаи сессияҳо мавзӯҳое, ки наврасонро бо ҷаҳони тиҷорат ва молияи муосир шинос карданд, иҳота карда шуданд. Дар раванди курсҳо се самт омӯхта шуд: “Асосҳои тичорат”- тренер Нигор Абдуаҳадова, “Инфографика. Малакаҳои компютерӣ барои соҳибкори навкор”-тренер Ҷаҳонгир Ҷалолов ва “Ташаккули рушди шахсӣ” – тренер Манижа Шамсиева.

Мақсади ассосии курси мазкур баланд бардории сатҳи саводнокии молиявии иштирокчиён ва пешниҳод кардани маводҳо доир ба омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз нигоҳи синну сол мутобиқ гардонида шудаанд, буд. Иштирокчиёни барнома, барои нишон додани натиҷаи омӯзиш, нақшаҳои тиҷоратии худро коркард намуда, онҳоро бо истифодаи графикаҳои иттилоотӣ ва асосноккунии иқтисодӣ тақдим намуданд.

Курсҳои мазкур бо дастгири ҶСП “Спитамен Бонк” дар доираи барномаи баландбардории саводнокии молиявии аҳолӣ гузаронида шуданд.


Бозгашт