Дастрасӣ ба таърихи қарзӣ? Бо осонӣ! - Спитамен Бонк

Дастрасӣ ба таърихи қарзӣ? Бо осонӣ!

04.07.2016

Акнун ба даст овардани маълумот дар бораи таърихи қарзии худ осонтар гардид.

Хоҳишмандон метавонанд доир ба таърихи қарзии худ маълумотро дар филиалҳо ва МХБ-ҳои ҶСП “Спитамен Бонк” гиранд.

Барои ба даст овардани иттилоъ оид ба таърихи қарзии худ танҳо пешниҳод намудани шиноснома ба бонк зарур мебошад. Айни ҳол “Спитамен Бонк” дар Тоҷикистон ягона бонкест, ки чунин хизматрасониро дорад.

Пеш аз ба роҳ андохта шудани лоиҳаи муштараки “Спитамен Бонк” ва Бюрои Қарзию-иттилоотии Тоҷикистон (БҚИТ), шахсоне, ки мехостанд доир ба таърихи қарзии худ маълумот гиранд, бояд ба идораи БҚИТ, ки дар маркази пойтахт ҷойгир аст, муроҷиат мекарданд. Чунин ҳолат барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар номусоид буд. Акнун, таърихи қарзии худро дар дилхоҳ филиали Бонк дар муддати чанд дақиқа пайдо намудан мумкин аст.

ҶСП “Спитамен Бонк”, барои осонтар в бароҳаттар кардани кори муштарӣ бо маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ, кӯшиш менамояд роҳу усулҳои гуногуни дар давлатҳои дигар санҷидашударо истифода намояд.


Бозгашт