Имрӯз маросими ифтитоҳи филиали ҶСП «Спитамен Бонк» баргузор шуд - Спитамен Бонк

Имрӯз маросими ифтитоҳи филиали ҶСП «Спитамен Бонк» баргузор шуд

04.02.2016


Дар маросими ифтитоҳӣ роҳбарони Бонк, аъзои Шӯрои Нозирони Бонк, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои маҳаллӣ иштирок доштанд.

Маҳали ҷойгиршавии филиал хеле муносиб буда, дар яке аз минтақаҳои сераҳолии шаҳр воқеъ мебошад, ки дар он ҷо рушди соҳибкории хусусӣ ривоҷ гирифтааст – дар назди яке аз бозорҳои калони шаҳр «Саховат» ва МТ«Ганҷина». Шӯъбаи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, фазои дохилӣ дар сабки муосир омода шудааст, таваққуфгоҳи муносиб – бартарии дигари бино ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти идораҳои Бонк ба таъмини доираи васеи хизматрасониҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудааст. Идораи нав бо фазои кушод, ноҳиябандии равшан, новбари оддӣ ва расо, бо тарҳрезии муосир дар берун ва дохил таъмин гардидааст.

Сардори шӯъба мутахассиси ҷавону ояндадор Соҳибов Баёт интихоб шудааст.

ҶСП «Спитамен Бонк» фаъолияти худро дар соли 2008 ҳамчун ташкилоти қарзӣ-амонатии хурди (ТАҚХ) «Спитамен Капитал» оғоз намудааст.Бо иҷрои амалиёти муваффақона дар бозори молиявии Тоҷикистон , ҶСП «Спитамен Бонк» иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои фаъолияти бонкӣ дарёфт кардааст.Таҷрибаи захирашуда, кормандони баландихтисос, эътимоди муштарӣ – ҳамаи ин эҷоди заминаи хуб барои ҳаракат ба пеш мебошад. ҶСП ТАҚХ «Спитамен Капитал» 3 январи соли 2014 иҷозатномаи расмӣ барои гузаронидани фаъолияти бонкиро дарёфт кардааст.То имрӯз, Бонк дорои ёздаҳ филиал дар Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.

branch.jpg


Бозгашт