Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо бо ташаббуси Спитамен Бонк чорабинӣ бо формати нав ташкил карда шуд! - Спитамен Бонк

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо бо ташаббуси Спитамен Бонк чорабинӣ бо формати нав ташкил карда шуд!

04.11.2020

IMG_4002.JPG

Пинҳон нест, ки малакаҳоро хубтар аст аз хурдӣ инкишоф дод, аз ҷумла малакаи муносибати дуруст бо пулро. Спитамен Бонк, ҳамчун бонки аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъул, тӯли 6 сол аст, ки дар ҳамкорӣ бо Фонди амонатгузории Олмон, иштирокчии доимии чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо мебошад.

28 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Спитамен Бонк дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи маърифать, бо формати нав баргузор гардид: бори аввал на кормандони бонк, балки худи мактаббачагон дар бораи молия ва пасандозҳо сухан гуфтанд!

IMG_3974.JPG

Хонандагони синфи 2-юми "Е" дар шакли интерактивӣ: бо шеъру суруд, рақсҳо ва саҳначаи ҷолиб, ба ҳамсолони худ чӣ хел муассиса будани бонк, чӣ будани пасандозҳо ва роҳҳои ҷамъоварии пасандозҳоро нақл карданд.

Ин бори аввал аст, ки мо дар чунин лоиҳа ширкат меварзем. Шодии кӯдаконро ҳадду канор набуд! Ба ман махсусан викторина писанд омад: бачаҳо якҷоя ба саволҳо ҷавобҳои дуруст медоданд. Ровиёни соҳибтаҷриба ба ҳар кӯдак диққати махсус ҷудо менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз Спитамен Бонк ва Фонди амонатгузории Олмон ва мизи болаззат фазои идонаро пурратар намуданд! - шарҳ дод Наргис Рустамовна Қурбонова, муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №8.

IMG_3951.JPG

Инчунин дар ин рӯз ғолибони озмуни расмкашии "Молия дар афсонаҳо", ки қаблан дар ин мактаб эълон шуда буд, маълум шуданд. Рассомони ҷавон ҳакамонро бо мавзӯъҳои ҷолиб, композитсияҳои ғайриоддӣ ва рангорангь дар ҳайрат гузоштанд! Интихоби кори беҳтарин осон набуд, аммо мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамон, асарҳои бачаҳои зерин ғолиб эълон карда шуданд:

IMG_4417.JPG

• Бобоева Камила, синфи 2 "D";

• Ёқубов Имрон, синфи 3 "Е";

• Кахарова Тавхидахон 3 "Е".


Бозгашт