Мусобиқаҳои навбатии “Спитамен Бонк” оид ба футбол ба охир расиданд - Спитамен Бонк

Мусобиқаҳои навбатии “Спитамен Бонк” оид ба футбол ба охир расиданд

14.12.2016

Ҳафтаи гузашта маросими ҷоизасупорӣ, мувофиқи натиҷаи чемпионат оид ба мини футболи “Спитамен Бонк”, ки зери шиори ”Дастаи Дӯстона” гузашт, баргузор гардид. Дар мусобиқа, ки 12-уми ноябр сар шуда буд, дар маҷмӯъ 16 дастаи футболӣ аз саридораю филиалҳо иштирок доштанд.

Дар натиҷаи мусобиқа, ҷойи аввалро дастаи «Хазинадорӣ» (тилло) ва ҷойи дуюмро дастаи “Идораи бехатарӣ”, ки бозиашон бо ҳисоби 4:1 ба охир расид соҳиб гаштанд. Ҷойи сеюм ба дасти тими “Бэкофис”, ки дастаи вилояти Хатлонро бо ҳисоби 4 : 2 мағлуб кард, расид.

Дипломро дар номинатсияи “Бозингари беҳтарин” 16 нафар бозингарон аз ҳамаи дастаҳои бонк гирифтанд. Диплом дар номинатсияи “Нишонзани беҳтарин” ба Талабов Сулаймон барои амалисозии 19 гол дода шуд. Дипломи “Ёвари беҳтарин” ба Рустамов Oятулло барои 17 интиқоли туб насиб гардид. Инчунин дар номинатсияҳои “Дарвозабони беҳтарин” ва “Ҳимоягари беҳтарин” мукофотҳо пешниҳод шуданд. Бозии футбол бе мухлис буда наметавонад, маҳз барои ҳамин ташкилкунандагон дипломи “Мухлиси беҳтарин”-ро ба Бобоева Гулҷаҳон тақдим намуданд.

Иштирокчиён бозии арзанда нишон дода, устуворӣ ва истодагарӣ зоҳир намуданд. Ҳамаи иштирокчиён бо грамотаи хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд: ҷойи аввал -4000 сомонӣ, ҷои дуюм – 2500 сомонӣ, ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ. Барои ташкили ин чорабинии варзишӣ ба ҳамаи ташкилкунандагон дипломҳо ва номаҳои миннатдорӣ тақдим карда шуданд, аз ҷумла ба Раҳмонов Хуршед раҳматнома «Барои ташкили футбол ва дастгирии мусобиқаҳои соли 2016» эълон шуд. Иштирокчиён ва ташкилкунандагони мусобиқа ба Раиси Раёсат Саидмуродов Ниёзмурод Мелибоевич, барои дастгирӣ дар ташкил ва гузаронидани ин мусобиқа дар ҳамаи марҳилаҳои он, изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Ташкилкунандагон инчунин ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа сипосгузорӣ намуда, барои бомувафақият гузаронидани мусобиқаҳои минбаъда умедворӣ баён карданд.

_Football.jpg


Бозгашт