Иқдом! Пастшавии навбатии меъёри фоизӣ дар “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Иқдом! Пастшавии навбатии меъёри фоизӣ дар “Спитамен Бонк”

27.12.2016

ҶСП «Спитамен Бонк» бо ҳамроҳии ширкати сохтмонии “Авиценна” дар бораи саршавии иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” хабар доданд.

Ҳафтаи охирини соли 2016, “Спитамен Бонк” дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии “Авиценна” хушхабаре ба мизоҷонашон расониданд: акнун хоҳишмандон имконияти харидани хонаро дар маҷмааҳои истиқоматии “Авиценна” бо истифода аз қарзи ипотекие, ки фоизи солонааш танҳо 12% аст, пайдо карданд. Ғайр аз ин, чор моҳи аввал меъёри фоизии қарз ба 0% баробар мешавад!

Mortgage_.jpg

Имрӯз чунин шартҳои қарзи ипотекӣ дар бозори қарзии Тоҷикистон яке аз дастрастаринҳо мебошанд.

“Зарурати фароҳам овардани шартҳои дастрас барои қарзи ипотекӣ аз ҷониби “Спитамен Бонк” пешниҳод шудааст: нахуст барои ҳамаи табақаи аҳолӣ дастрас кардани қарзи ипотекӣ, дуюм ба рушди сохтмон мусоидат кардан, сеюм ташаккули ҳамкориҳои самарабахш миёни Спитамен Бонк ва намояндагони сохторҳои соҳибкорӣ» – қайд намуд Муовини аввали Раиси Раёсат Умедҷон Ҳикматов.

Барои гирифтани қарзи ипотекӣ хоҳишмандон бояд ба ширкати сохтмонии “Авиценна” муроҷиат карда, хонаи маъқулашонро ҳамроҳи мушовир интихоб намоянд. Сипас, баъд аз пардохти 30% арзиши хона, мизоҷ ҳамроҳи мушовир ба филиали наздиктарини “Спитамен Бонк” барои гирифтани қарзи ипотекӣ муроҷиат мекунад. Агар мизоҷ аллакай қисми арзиши хонаро пардохта бошаду хоҳад, ки барои пардохти боқимондаи арзиши хона қарз гирад, онгоҳ бояд ба филиалҳои ҶСП «Спитамен Бонк» муроҷиат кунад ва дар он ҷо мутахассисон барои омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ёрӣ мерасонанд.

Иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” танҳо ба сохтмонҳои нави ширкати “Авиценна” дахл дорад. Кормандони “Авиценна” ва намояндагони Спитамен Бонк дар презентатсияи расмӣ қайд карданд, ки робитаи “сохтмончӣ-мизоҷ-бонк” –ро дақиқ фикр карда баромадаанд. Дар давоми раванди додани қарзи ипотекӣ аз аввалин муроҷиати мизоҷ оғоз карда, то ба охирин пардохти қарз, ба мизоҷ ҳам корманди ширкати сохтмонии “Авиценна” ва ҳам кормандони шӯъбаи қарзии ҶСП «Спитамен Бонк» ёрии машваратӣ мерасонанд.

“Барои он ки мизоҷон аз як ширкат ба ширкати дигар равуои бисёр накунанд, мо тасмим гирифтем, ки аз ҷониби ҳарду ширкат хизматрасонии ба мизоҷ нигаронидашударо бо сифати баланд расонанд. Мизоҷоне, ки дар давраи иқдом барои гирифтани қарзи ипотекӣ ба Бонк муроҷиат мекунанд, бо кормандони ширкати “Авиценна” шинос карда мешаванд. Барои мо муҳим аст, ки мизоҷонро бо хизматрасониҳои босифат ва бароҳат таъмин намоем” – мегӯянд таҳиягарони маҳсулоти қарзӣ.

Иқдоми “Қарзи ипотекӣ бо 12%” танҳо барои хариди хона дар биноҳои ширкати ”Авитсенна”, аз 27 декабри соли 2016 то 31 марти соли 2017, амалӣ мегардад.


Бозгашт