Тантанаи футбол дар “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Тантанаи футбол дар “Спитамен Бонк”

02.08.2016

Дар Спитамен Бонк турнири дохилӣ оид ба мини-футбол байни коргарони бонк оғоз гардид. Турнири мазкур ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он мусоидат ба таҳкими варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон мебошад.

_Football_.jpg

“Мо ҳар сол турнир оид ба футбол мегузаронем. Ин гуна чорабиниҳо ба таҳкими рӯҳияи даста кӯмак карда, таъсири мусбат оид ба тандурустӣ ва некӯаҳволии кормандон мерасонад”, – гуфт Саидмуродов Ниёзмурод, Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк”.

Дар натиҷаи бозиҳое, ки 30 ва 31 июл гузаштанд, аз байни 16 дастаи иштирокчӣ дастаҳои идораи ТИ ва Бэк-Офис, бо шумораи баробари холҳо, дар сафи пешанд. Дастаи нахустине, ки ба 1\4 финал баромад, дастаи идораи ТИ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои Ҷоми Спитамен Бонк аллакай соли дуввум таҳти шиори “Дастаи якдилона” баргузор мегардад.


Бозгашт