Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ барои наврасон
Курсҳои навбатии омӯзишии Барномаи Т-МВА оид ба асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ бо дастгирии молиявии “Спитамен Бонк” барои наврасони аз синни 14 то 18 сола оғоз мегардад.
Дар курсҳо барои наврасон мутахасисони соҳа ва равоншиносон барои дарёфти идеяҳои тиҷоратӣ кӯмак мерасонанд. Курсҳо аз шонздаҳ сессия иборат буда, аз рӯи барномаи махсус гузаронида мешаванд.
Сессияҳо ба иштирокчиёни барнома усулҳои қабули қарорҳо ва амалӣ намудани ҳисобҳои зарурӣ барои таҳия ва арзёбии идеяҳои нави тиҷоратӣ кӯмак мерасонад. Усули махсуси таълимӣ тариқи бозӣ, ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки бо роҳи осон маълумоти навро омӯхта онро дар ёд гиранд. Рушди шахсияти соҳибкори оянда, ёрии машваратӣ дар интихоби дурусти касби оянда афзалиятҳои асосии барномаи «Асосҳои тиҷорат ва соҳибкорӣ»мебошанд.
Тренерони дорои таҷрибаи бой дар соҳаи ташаккули бизнес асрори фаъолияти мувафақонаи ташкилотро пешниҳод намуда, арзёбии самарабахши нақшаи корӣ ва устувории лоиҳа, ёфтани стратегияҳои муваффақ барои рушди соҳибкорӣ, арзёбии таъсири муҳити зист ва мутақобила бо онро меомӯзонанд. Ҳамчунин ба наврасон таҳриркунӣ ва асосҳои омодакунии расмҳо ва ғайраро меомӯзонанд.
Дарсҳо ҳафтае як маротиба рӯзи якшанбе дар маркази тренингии “Спитамен Бонк” воқеъ дар МТ “Вефа Сентр” мегузаранд.
Иштирокчиёне, ки марҳилаи таҳсилотиро пурра гузашта, бомуваффақият нақшаҳои тиҷоратии худро ҳимоя мекунанд, имконияти ба даст овардани дастгирии молиявии “Спитамен Бонк”-ро пайдо мекунанд.
Қайд карда мешавад, ки шумораи ҷойҳо маҳдуданд.
Хоҳишмандон барои номнавис шудан метавонанд тариқи сомонаи иҷтимоии Фейсбуки Спитамен Бонк ва Барномаи Т-МВА муроҷиат намоянд.