“Спитамен Бонк” боз се низоми интиқоли маблағҳоро дар фаъолияташ ҷорӣ намуд
ҶСП «Спитамен Бонк» се низоми нави интиқоли маблағҳоро ворид намуд: «Sigue», «Форсаж» ва «Welsend».
«Sigue» («Coinstar») яке аз калонтарин низомҳои дунё ба ҳисоб меравад. Ин низом зиёда аз 60 000 нуқта дар зиёда аз 140 давлати дунё дорад. Интиқоли маблағ бо ин низом бе пайванди нишонӣ амалӣ мегардад.
Низоми интиқоли маблағҳои «Форсаж» аз тарафи «Почта России» соли 2010 ташкил дода шудааст. Ин низом барои интиқоли маблағҳои дохилӣ ва хориҷӣ истифода мешавад. Яке аз бартарияти низоми «Форсаж» дар он мебошад, ки нуқтаҳои онро дар тамоми ҳудуди Россия ёфтан мумкин аст.
«Welsend», ки соли 2013 ташкил шуда буд, дар 183 адад шаҳрҳои Украина ва Гурҷистон 742 нуқтаи хизматгузорӣ дорад. Ин низом имконияти зуд ва муфид интиқол сохтани маблағҳоро байни Украина ва Гурҷистон, инчунин дар дохили худи Украина, медиҳад. Акнун аз хизматрасониҳои ин низом барои интиқоли маблағҳо байни Тоҷикистон, Украина ва Гурҷистон истифода бурдан мумкин аст. Интиқолро бо чор намуди асъор амалӣ мегардонанд: гривна, доллари ИМА, Евро ва рубли Россия.
«Спитамен Банк» қабл аз ин бо чунин низомҳои интиқоли маблағҳо, монанди «Intel Express», «ХАЗРИ», «Бэст», «Contact», «Лидер», «Золотая Корона», «Вестерн Юнион» ва низоми маҳаллии «Сония» кор мекард. Акнун мизоҷони бонк, ки бар хидматашон ёздаҳ низом тайёранд, метавонанд ба зиёда аз 160 давлати дунё пул интиқол намоянд.
ҶСП «Спитамен Бонк» бо ин қаноат накарда, дар наздикӣ боз дигар низомҳои интиқоли маблағҳоро дар фаъолияташ ворид хоҳад кард.