П.Фабиан: ”Вақти тамаркуз шудан ба рушди технологияҳои иттиллоотӣ расидааст”
Ба Наздикӣ маълум шуд, ки Раиси Раёсати “ Спитамен Бонк” Петр Фабиан вазифаашро ба ҳомтои тоҷики худ месупорад. Дар бораи бо кадом сабаб ӯ мансаби худро тарк мекунад, фаъолияти бонкро дар сохтори иқтисодии тоҷикистон чи гуна баҳо медиҳад, дар мусоҳибаи АП гуфт.
Ҷаноби Фабиан лутфан ба мо дар бораи худ гӯед?
Нахуст қайд мекунам, ки ман ваколатҳои худро ба раиси маҳаллӣ Ниёзмурод Саидмуродов месупорам, вале ҳамроҳи бонк мемонам. Ҳамаи ин дар доираи сиёсати бонки мо барои рушди иқтидор ва табдили он ба бонки замонавӣ анҷом дода мешавад. Қабл аз таъин шудан дар соли 2014 ман бо бонк оид ба масъалаҳои стратегӣ ҳамкорӣ доштам ва аз натиҷаҳои фаъолияти он огоҳ ҳастам. Хусусан натиҷаҳо баъди аз Ташкилоти хурди қарзию амонатӣ ба бонки тиҷоратӣ табдил ёфтан назаррас шуданд. Мо барои рушди минбаъдаи бонк манбаи беҳтарин омода сохтаем, айни ҳол дар назди ман вазифаи рушди технологияҳои иттилоотии банк гузошта шудааст. Ин вазифа ба ихтисоси ман мувофиқ буда, ба ман маҳқул аст.
Ба фаъолияти бонк дар давоми роҳбарии худ чи гуна баҳо медиҳед ва ба чи натиҷаҳо ноил гаштаед?
Сарфи назар аз он, ки ҶСП “Спитамен Бонк” нисбатан бонки нав аст ва дар бозори кишвари мо 2 сол қабл ба вуҷуд омадааст, дар ин муддати кӯтоҳ фаъолияташро пеш бурда, худро ҳамчун бонки устувор бо мақсади рушди мунтазам ва густариши шабакаи филиалиро дар кишвар пеш гирифтааст. Имрӯз мо дорои 12 филиал буда, маҳсулотҳои нав ва хизматрасониҳои инноватсиониро пешниҳод мекунад, ки барои ҳамгирошавии молиявӣ ва рушди ҷомеа мусоидат мекунад. Мо барои беҳтар гардидани хизматрасонӣ технологияҳои муосири муҳимро ҷорӣ намудем.
Ҳоло бӯҳрони иқтисодӣ ба вазъи низоми бонкии кишвар таъсир расонда истодааст, аммо Шумо хушбин ҳастед. Барои оянда чи пешгӯиҳо доред?
Албатта мо дар бораи бӯҳрони иқтисодӣ фаромӯш намекунем, аммо ҳамин вазъиятҳои душвор барои имкониятҳои нав дарҳоро боз мекунанд.
Чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад дар ин давра қавитаринҳо наҷот меёбанд. Бо ибораи дигар бӯҳрон санҷиш аст барои… имрӯз “Спитамен бонк натиҷаҳои хуб нишон дода дар раванди рушди устувор аст. Чи хеле, ки дар боло қайд намудам, вазифаи ман ба технологияҳое ки сифати фарқкунандаи мо аз дигарон аст, барои фаъолияти самаранок, баланд бардоштани хизматрасонӣ ва идоракунии хароҷот мусоидат мекунад ва дар натиҷа хизматрасонии мо ба аудиторияи васеъ дастрас мегардад. Дар бӯҳрони иқтисодӣ аз ин имконият истифода бурдан лозим аст. Имконияти хуби таҳияи технологияи пешқадамро барои пешниҳод кардани маҳсулот ва хизматрасонии нави ҷавобгӯи талаботи бозор аст. Мавзӯи дигар: рӯз то рӯз ба мо мизоҷони бонки дигар муроҷиат мекунанд. Мо лоиҳаҳои маошии навро ҷорӣ карда истодаем ва ягон масъала нисбати маблағи нақд надорем. Низоми додани қарзҳои калон ва хурд беҳтар гардида дар оянда ин равандро метезонем.
Мизоҷони Шуморо чи бештар ҷалб менамояд?
Нахуст хизматрасонии мо хуб аст. Барои мо раванди баланд бардоштани фарҳанги бонкӣ муҳим аст. Маҳз барои ҳамин дар ҳамаи филиалҳои мо сиёсати ягона ҷорӣ аст, яъне мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба ҳамаи мизоҷон хизмати якхелаи мутобиқи стандарти байналмиллалӣ расонида шавад. Бартариии дуюм – банкоматҳои мо ҳамеша пули нақд доранд ва дар 95% онҳо доллари ИМА гирифтан мумкин аст. Шахсан худам мавҷудияти маблағро дар банкоматҳо назорат мекунам. Дар ояндаи хеле наздик системае, ки ба мизоҷон ба зудӣ ба даст овардани пулро тавассути корти бонки, ҳатто аз кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ба кор медарорем. Аз ин рӯ, мо барои рушди маркази протсесингии худ аҳамияти хоса медиҳем. Айни ҳол мо бо 11 системаҳои интиқоли маблағҳо шартнома дорем, дар оянда ният дорем шумораашонро зиёд кунем. Сеюм шаффофияти кор ва мизоҷони мо боварӣ доранд. Тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти мо дастрас аст. Чорум амниятӣ кафолат мост.
Чуноне, ки мо дар бораи шаффофият гап задем, бигӯед сандуқи қарзии СпитаменБонк чанд аст?
Имрӯз сандуқи қарзӣ 205 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ва ин дар шароитест, ки андозаи сандуқи қарзии дигар бонкҳо кам шудааст. Мо баъд аз қавӣ гардонидани идоракунии хавфҳо ва чораҳои мушаххас дидан, ба хотири пешгирӣ намудани таъсири манфии бўҳрони иқтисодӣ ба кори бонк, дар аввали соли 2015, ба ин натиҷа ноил гаштем.
Мо шунидем, ки Шумо дар водии Силикони машҳур чанд сол кор кардед ва дар он ҷо технологияҳои навро дар хизматрасониҳои бонкӣ омӯхтаед. Кадом технологияи пешрафтаро Шумо дар ин ҷо амалӣ кардед?
Спитамен Бонк аввалин шуда яке аз платформаҳои мутараққӣ – автоматии низоми бонкӣ Oracle FLEXCUBE-ро ҷорӣ намуд, ки ин беҳтар намудани хизматрасонӣ, дар асоси муносибати инфиродӣ бо мизоҷ, беҳтаркунии маҳсулнокии корманд, ба танзим даровардани амалиёт, беҳтар намудани идоракунии хатар ва дастрас кардани маҳсулот ба мизоҷонро имкон медиҳад.
Омодаи ихтисосмандон чи гуна сурат мегирад?
Бо он ки ман нахустин ихтисосманди хориҷиам мефахрам. Кормандони боқимонда маҳаллӣ буда, дар сатҳи байналмиллалӣ таҳсил гирифтагианд. Қайд менамоям, ки дар бонки мо раванди такмил додани ихтисосмандон беист аст. Бо онҳо мураббиёни беҳтарини байналмилалӣ ва маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунанд. Панҷ нафар кормандонро мо барои коромӯзӣ ба сафар ба Албания равон кардем, ки дар онҷо онҳо раванди идоракунии мустақилро омӯхтанд. Акнун иштироки ман дар ин кор талаб карда намешавад, ҳамчун мудир ман танҳо равандро назорат мекунам. Аз он шодам, ки дар тӯли ду сол мо тавонистем дастаи хуб ва дӯстонаи мутахассисонро ҷамъ оварем.
Шумо моҳи октябри соли гузашта дар бизнес-Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҳалли масъалаи инноватсионӣ дар бозори хизматрасонии молиявӣ сухан гуфтед. Дар шароити кунунии бахши бонкӣ чи бояд кард?
Пеш аз ҳама, бояд низоми агентии бонкиро инкишоф диҳем, аз ҷумла ман онро ба ҷо хоҳам овард. Барои чи ин ба кишвари мисли Тоҷикистон, ки 70% аҳолияш – шаҳрвандони деҳотиянд, зарур аст? Агентии бонкӣ – роҳи самараноки вусъат додани заминаи мизоҷон тавассути шабакаи агентӣ мебошад ва он барои идоракунии оперативӣ ва истифодаи мақсадноки таҷриба аст. Ин маънои онро дорад, ки мизоҷи бонк метавонад, дар ҳар куҷое, ки агентии бонкӣ ҳаст, суратҳисоби худро пур кунад, маблағҳояшро ба амонат гузорад, қарзҳояшро пардохт намояд, маблағро интиқол диҳад. Ин ба мизоҷон бидуни сафарҳои нолозим ва истодан дар навбат, аз хизматрасонии бонк истифода бурданро имкон медиҳад. Қайд мекунам, ки чунин низоми ҳамгироии молиявӣ дар Кения бо муваффақият озмоиш карда шуда, технологияи он такмил дода шудааст ки вақти мизоҷон сарфа мешавад. Одамоне, ки смартфон доранд, ба фикрам, – иқтидори бузургщастанд барои ин гуна хизматрасонӣ, зеро ин системаест, ки бидуни технологияи муосир кор нахоҳад кард. Мо ин технологияро содда мегардонем то ба ҳамаи мизоҷон кор кардан бо он қулай ва осон гардад. Дар ин самт корҳоро анҷом дода истодаем. Инчунин барои қонеъ гардонидани талаботи тоҷикистониён ба хизматрасониҳои молиявӣ ҳангоми сафар кардан ба кишварҳои хориҷӣ, мисол ба Чин, «Спитамен Бонк» кортҳои пластикии VISA ва UnionPay-ро пешниҳод мекунад. Барои мисол, мизоҷон тавассути кортҳои Union Pay International метавонанд барои пардохти хариди мол ва хизматрасонӣ бе фоиз дар Чин ва 140 кишвари ҷаҳон (аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Туркия, АМА, Британияи Кабир, Малайзия, Корея, Ҷопон, Австралия). Ба онҳо имконияти бароҳат гузаронидани сафар ва бемонеа харид карданро медиҳад.
Дар оянда, мо нақша дорем ба таври автоматӣ пулро дар Чин мубодила намоем, мисол аз сомонӣ ва доллар ба юан.
Ва дар хотима. Ба наздикӣ Шумо дар форуми бахшида ба инноватсияҳо дар хизматрасонии молиявӣ иштирок намудед.
Бале аввали моҳи апрел ман дар форуми Money 20-20 Europe иштирок кардам. Дар он масоили интегратсияи молиявии технологияҳои нави пардохтӣ ва ҷорӣ намудани он дар бозоре, ки аҳолияш даромади калон надорад, дида баромада шуд. Бонки мо нақша дорад, ки ин методҳоро аввалин шуда ҷорӣ намояд.
Аз имконият истифода бурда, гуфтаниям, ки ҳар касе мехоҳад, новобаста аз мизоҷи бонки мо аст ё не, аз моҳи март оғоз намуда, дар бораи таърихи қарзии худ дар бонки мо маълумот гирад. Пештар бояд ба Бюрои Қарзию иттилоотии Тоҷикистон муроҷиат мекардед. Ҳоло мо ин намуди хизматро мерасонем. Бонки мо нахустин бонкест, ки ин хизматрасониро пешниҳод кардааст. Қайд намудан зарур аст, ки маълумот дар бораи таърихи қарзӣ муддати чанд дақиқа пешниҳод мешавад. Ин ҳама барои беҳбудии мизоҷон сурат мегирад. Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар қатори бонкҳои беҳтарини кишвар бошем ва мавқеи худро ҳамчун як бонки дӯстона бо мизоҷон, самаранок ва шарики шаффоф мемонем.