Пулро дар бонки устувор нигоҳ доштан беҳтар аст - Спитамен Бонк

Пулро дар бонки устувор нигоҳ доштан беҳтар аст

04.04.2016

Шахсоне, ки хатари нигоҳдории маблағи калонро дар хона дарк менамоянд, қарор медиҳанд, пулҳоро дар бонк амонат гузоранд. Масъалаи ҳалталабаш ин аст, ки дар кадом бонк кушодани суратҳисоб беҳтару бехавф аст? Мизоҷони “Спитамен Бонк” медонанд, ки бонки онҳо ҷойи беҳтар барои пулашон мебошад.

Нигоҳдории пасандозҳо яке аз масоили мубрами замона мебошад. Нигоҳ доштани маблағҳои калони пулӣ дар хона хавфнок буда, беҳтараш, албатта, барои ин мақсад, дар бонк суратҳисоб бояд кушод. Табиист, ки амонатгузорон мехоҳанд бонки боэътимодеро, ки ба он пулҳои худро бовар кардан мумкин аст, интихоб намоянд.

Эътимоднокии бонкро кадом меъёрҳо муайян мекунанд? Яке аз онҳо ҳаҷми маблағҳои озоди бонк мебошад. Ҳангоми хурд будани ҳаҷми маблағҳои озод, ташкилотҳои молиявӣ, одатан, кӯшиш менамоянд, ки онро бо роҳи ҷалби маблағҳои сармоягузорон зиёд гардонанд ва, инчунин, меъёри фоизии амонатҳоро баланд мебардоранд. Дар баробари ин меъёрҳои фоизии қарзҳо низ зиёд гашта, пардохтҳои комиссионии гуногун, ки пештар набуданд, ситонида мешаванд. Инчунин ба усули рушди худи ташкилоти молиявӣ ва ба эътинои он ба давраҳои мухталифи бӯҳронҳои иқтисодӣ диққат бояд дод.

“Спитамен Бонк”, ки ҳаққонӣ яке аз бонкҳои мустаҳкам ва рушди устуворона доштаи мамлакат ба ҳисоб меравад, маҳсулоти амонатие пешниҳод менамояд, ки на танҳо амнияти маблағҳоро таъмин месозад, балки даромади муайянеро низ таъмин мекунад. Пасандозҳои “Спитамен Бонк” – роҳи хуб барои шахсоне, ки мехоҳанд пулҳои худро дар бонки устувор нигоҳ дошта, дар бораи амнияти онҳо хавотир нашаванд. Ин пасандозҳо, пеш аз ҳама, бо мақсаде коркард шудаанд, ки амонатгузорон имконияти нигоҳдории пулҳоро дар бонки боэътимод дошта бошанд. Пурсишҳо нишон медиҳанд, ба мизоҷони бонк донистани он, ки пулҳои онҳо дар бонки боэътимод амонат гузошта шудаанд, авлотар аст, фоизҳои заммшавандаро бошад, чун мукофоти изофагӣ мебинанд.

Айни ҳол, бонк ду намуд суратҳисоби пасандозӣ барои шахсони воқеъӣ, ки “Саховат” ва “Тифли Заррин” ном доранд, ва як маҳсули амонатӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, ки “Хазина” номгузорӣ шудааст, пешниҳод менамояд. Бо пасандози “Саховат” шахсони воқеъӣ, бо кушодани суратҳисоб, метавонанд то 15% бо сомонӣ ва то 8% бо доллари ИМА дар як сол даромад ба даст оранд. Ба пасандози заммшавандаи кӯдакона, ки онро ба номи бачагон кушодан мумкин аст, дар давоми муҳлати амонат маблағ замм кардан мумкин аст; ин намуди пасандоз низ замми фоизҳоро то 15% бо сомонӣ ва то 8% бо доллари ИМА-ро дар як сол дар назар дорад. “Спитамен Бонк” ба шахсони ҳуқуқӣ ҳам имконияти нигоҳдории маблағҳои озодашонро дар бонк дода, гирифтани даромадро аз он таъмин мекунад. Меъёри фоизӣ барои шахсони ҳуқуқӣ то 15% бо сомонӣ ва то 8% бо доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

ҶСП “Спитамен Бонк”, ки дар наздикӣ филиали навашро дар маркази пойтахт кушода буд, мақсад дорад, дар давоми соли ҷорӣ, дар шаҳру навоҳии кишвар боз чанд филиал кушояд. Ғайр аз ин, воридсозии маҳсулоту хизматрасонии инноватсионии нав, ки кори мизоҷонро дар соҳаи молиявӣ осон мегардонанд, дар назар аст. Нишондиҳандаҳои ҷории бонк бори дигар собит месозанд, “Спитамен Бонк” аз ҳисоби он ташкилотҳое аст, ки на танҳо дар давраи бӯҳронӣ устувор мемонанд, балки метавонанд мувофиқи ҳадафҳои гузошташуда рушд намоянд.


Бозгашт