3.jpg

Дар моҳи январи соли 2020, агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (MFR) ба Спитамен Бонк рейтинги ВВВ - * дод, ки нишондиҳандаи барқарории бонк аст. Рейтинги ин категория барои Бонк дар бозори молиявӣ имкониятҳои навро мекушояд.

Баҳодиҳӣ ба ин категория, аз субот, эътимоднокӣ ва вазъи устувори молиявии Спитамен Бонк шаҳодат медиҳад. Рейтинг ба мавқеи устувори молиявии Спитамен Бонк ва сифати баланди портфели қарзии он асос ёфтааст.

Барои маълумот: MicroFinanza Rating (MFR) www.mf-rating.com – оҷонсии байналмилалии рейтингӣ, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои мустақил ва баландихтисос ба муассисаҳои молиявӣ машғул аст, аз он ҷумла: рейтингҳои қарзӣ ва иҷтимоӣ, сертификатсия ва дигарҳо. Мизоҷони MFR асосан дастраскунандагони хизматҳои молиявӣ мебошанд, ба монанди сармоягузорон ва танзимкунандагон.

* Рейтинги "BBB" нишондиҳандаи хатари пешфарзи дараҷаи паст аст. Мавқеи хуби қарздиҳӣ. Қобилияти пардохти ӯҳдадориҳои молиявӣ ба таври кофӣ арзёбӣ карда мешавад.


Маълумоти пурра дар бораи рейтинг