Раёсат

Раёсат



САМАНДАРЗОДА НАВРУЗ

Раиси Раёсат

Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 шуруъ кардааст. Хатмкунандаи Sunderland University, Малайзия, Куала-Лумпур мебошад.  Баъд аз хатми донишгоҳ дар бахши хусусӣ фаъолияташро оғоз карда, дар Вазорати Молия идома додааст. Баъдан, Навруз Самандарзода сардори Шуъбаи Тадқиқотӣ ва моделсозии Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушд дар БМТ буд.

Ба тими ҶСП “Спитамен Бонк” моҳи январи соли 2018 ҳамроҳ гардид. 

ИСХАКОВ ФАРРУХОҶА БАҲОДУРОВИЧ

Муовини аввали Раиси Раёсат

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, дорандаи сертификатҳои CIPA I ва CIPA II. Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи бонкӣ соли 2011 дар ҶСП “Фононбонк” оғоз намудааст. Баъдан, дар ширкати аудитории ҶДММ “БДО-Аутсорсинг” адои вазифа мекунад. Ба тими ҶСП “Спитамен Бонк” соли 2017 ба ҳайси сардори шуъбаи ҳисобдорӣ ва таҳлили Департменти молия ва ҳисобдорӣ ҳамроҳ шуда, аз соли 2018 то моҳи январи соли 2024 вазифаи сардори Департаменти молия ва ҳисобдорӣ, сармуҳосиби ҶСП “Спитамен Бонк”-ро бар дӯш доштааст.

САЙФУЛЛОЗОДА СУЛАЙМОН

Муовини Раиси Раёсат

ШАРИПОВ НУРМУҲАММАД

Муовини Раиси Раёсат