Барои чӣ мо?
Рушди касбӣ
Дастаи орзуҳо
Идораи замонавӣ
· роҳбарии самараноки департамент оид ба идоракунии кадрҳо;
· нигоҳдорӣ ва рушди HR-сиёсат, тартибот ва меъёрҳои амалкунанда;
· назорати иҷрои расмиёти интихоби кормандон, мутобиқшавӣ, омӯзиш ва баҳогузории онҳо;
· мониторинг ва таҳлили нишондиҳандаҳои кадрӣ (ҷойивазкунии кормандон, самаранокӣ, рушд);
· нигоҳдории сатҳи баланди фарҳанги корпоративӣ ва ҷалбшавии кормандон.
Дониш ва маҳорати касбӣ:
· донистани қонунгузории меҳнати ҶТ ва санадҳои меъёрие, ки равандҳои кадриро танзим мекунанд;
· дарки принсипҳои идоракунии стратегӣ бо кадрҳо, банақшагирии кадрӣ ва рушди фарҳанги корпоративӣ;
· маҳорати истифодаи абзорҳои муосири HR: идоракунии самаранокӣ (KPI), низомҳои баҳодиҳӣ ва рушди кормандон, омӯзиши корпоративӣ;
· қобилияти кор бо низомҳои HR ва дониши хуби барномаҳои идоравӣ (Excel, Word, PowerPoint).
Маълумот ва таҷриба:
· маълумоти олӣ (беҳтараш дар соҳаи идоракунии кадрҳо, психология, иқтисод ё идоракунӣ);
· таҷрибаи кор дар соҳаи идоракунии кадрҳо на камтар аз 5 сол, аз ҷумла на камтар аз 2 сол дар вазифаи роҳбарикунанда (HRBP, сардори шуъба, директори кадрҳо ва ғ.);
· таҷрибаи роҳбарии HR-департаменти сохторӣ, ки шуъбаҳои: ҷалб, маъмурияти кадрӣ, омӯзиш ва рушди кормандонро дар бар мегирад.
Хусусиятҳои шахсӣ:
· қобилияти роҳбарӣ, илҳомбахшӣ ва рушди даста;
· сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва ташкилотчигӣ ;
· тафаккури таҳлилӣ ва муносибати системавӣ ба кор;
· қобилияти барпо кардани муоширати созанда бо роҳбарият ва кормандон дар ҳама сатҳҳо;
· омодагӣ барои нигоҳдорӣ ва такмили равандҳои HR-и аллакай таъсисёфта.
Шароит ва имкониятҳо:
· кор дар бонки устувор ва босуръат рушдёбанда;
· меъёрҳои муосири идоракунии кадрҳо ва равандҳои дақиқу самаранок;
· имконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар сохтори бонк;
· музди меҳнати шоиста (пас аз мусоҳиба муайян карда мешавад);
· бастаи иҷтимоии пурраи мутобиқ ба қонунгузории ҶТ ва сиёсати дохилии бонк;
· ҷадвали корӣ: аз соати 08:00 то 17:00, панҷ рӯзи корӣ дар ҳафта (5/7);
· шароити бароҳати кор ва муҳити мусоиди корпоративӣ.
Номзадҳои хоҳишманд метавонанд дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи “Роҳбари Департаменти HR” дар хати мавзуъ ирсол намоянд.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
- кӯмак ва иштироки бевосита дар банақшагирии тафтишотҳои аудиторӣ, баҳодиҳии хавфҳо, тайёр кардани барномаҳои аудит, методологияи гузаронидани аудит ва ташкили фаъолияти Ҳадамоти аудити дохилӣ;
- мувофиқи нақшаи аудит дар мӯҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани тафтишотҳои аудитӣ ва аз рӯи натиҷаи тафтиш ба Кумитаи Аудит/Шӯрои Нозирони Бонк пайваста пешниҳод намудани тадқиқ ва таҳлилҳои муфассал;
- ошкор ва баҳодиҳии хавфҳо дар низоми аудити дохилӣ, баҳодиҳӣ намудани мувофиқатии равандҳои тиҷорати ҷойдошта ба талаботҳои қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии БМТ, оид ба беҳтаршавии низоми назорати дохилӣ пешниҳод намудани тавсияҳо;
- дар ҳайати гурӯҳи корӣ роҳбарӣ намудани фаъолияти кормандон ва баҳо додани кори онҳо; Назорати иҷрои тавсияҳои аз рӯи натиҷаи тафтишотҳо додашуда.
Талаботҳо:
- доштани маълумоти олӣ;
- доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сола дар ташкилотҳои қарзӣ;
- доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ;
- доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити дохилӣ/берунӣ ва ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;
- донистани талаботҳои асосии қонунгузории ҶТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим медароранд;
- донистани стандартҳои СБҲМ, стандартҳои байналмилалии аудит ва андозбандӣ дар ҶТ;
- доштани собиқа ва дониш дар соҳаи баҳодиҳии хавфҳо;
- доштани сертификатҳои тахассусии САР/CIPA, GARP, CIA афзалият доранд;
- донистани забони давлатӣ ва забони русӣ барои тартиб додани ҳисоботҳои даврӣ оид ба аудит. Донистани забони англисӣ афзалият дорад;
- барои тез-тез ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, МХБ ва ғайра) ба сафарҳои хизматӣ рафтан тайёр будан;
- истифодабарандаи бовариноки пакети пешниҳодҳои MS Office ва барномаҳои бонкӣ.
Шартҳо/Имкониятҳо:
- расман бо кор таъминкунӣ аз рӯи КМ ҶТ;
- имконияти боло рафтан аз рӯи мансаб дар бонки инкишофёбанда;
- низоми пардохти музди меҳнати муносиб.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи «Роҳбари хадамоти аудити дохилӣ» ирсол намоед.
Эзоҳ: ба сӯҳбат танҳо довталабоне
Таснифи самтҳои асосии фаъолият:
· Кӯмак ва иштироки бевосита дар банақшагирии тафтишотҳои аудиторӣ, баҳодиҳии хавфҳо, тайёр кардани барномаҳои аудит, методологияи гузаронидани аудит ва ташкили фаъолияти Ҳадамоти аудити дохилӣ;
· мувофиқи нақшаи аудит дар мӯҳлатҳои муқарраршуда гузаронидани тафтишотҳои аудитӣ ва аз рӯи натиҷаи тафтиш ба Кумитаи Аудит/Шӯрои Нозирони Бонк пайваста пешниҳод намудани тадқиқ ва таҳлилҳои муфассал;
· ошкор ва баҳодиҳии хавфҳо дар низоми аудити дохилӣ, баҳодиҳӣ намудани мувофиқатии равандҳои тиҷорати ҷойдошта ба талаботҳои қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии БМТ, оид ба беҳтаршавии низоми назорати дохилӣ пешниҳод намудани тавсияҳо;
· дар ҳайати гурӯҳи корӣ роҳбарӣ намудани фаъолияти кормандон ва баҳо додани кори онҳо; Назорати иҷрои тавсияҳои аз рӯи натиҷаи тафтишотҳо додашуда.
Талаботҳо
· Доштани маълумоти олӣ;
· доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сола дар ташкилотҳои қарзӣ;
· доштани собиқаи кории на камтар аз 3 сола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ;
· доштани собиқаи корӣ дар соҳаи аудити дохилӣ/берунӣ ва ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибавӣ;
· донистани талаботҳои асосии қонунгузории ҶТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим медароранд;
· донистани стандартҳои СБҲМ, стандартҳои байналмилалии аудит ва андозбандӣ дар ҶТ;
· доштани собиқа ва дониш дар соҳаи баҳодиҳии хавфҳо;
· доштани сертификатҳои тахассусии САР/CIPA, GARP, CIA афзалият доранд;
· донистани забони давлатӣ ва забони русӣ барои тартиб додани ҳисоботҳои даврӣ оид ба аудит. Донистани забони англисӣ афзалият дорад;
· барои тез-тез ба воҳидҳои сохтории Бонк (филиалҳо, МХБ ва ғайра) ба сафарҳои хизматӣ рафтан тайёр будан;
· истифодабарандаи бовариноки пакети пешниҳодҳои MS Office ва барномаҳои бонкӣ.
Шартҳо/Имкониятҳо:
· Расман бо кор таъминкунӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· имконияти боло рафтан аз рӯи мансаб дар бонки инкишофёбанда;
· низоми пардохти музди меҳнати муносиб.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани вазифаи «Роҳбари хадамоти аудити дохилӣ» ирсол намоед.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
· гузаронидани тадқиқоти маркетингӣ оид ба маҳсулот ва хизматрасониҳои бонк;
· таҳия ва навсозии стратегияҳои маркетингӣ;
· иштирок дар ташаккули бренди бонк ва муаррифии он дар платформаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, маъракаҳои таблиғотӣ ва конфронсҳо;
· таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба ҷалби мизоҷони нав ва нигоҳ доштани мизоҷони мавҷуда.
Талаботҳо:
· таҷриба дар соҳаи маркетинг дар бахши бонкӣ на камтар аз 3 сол;
· донистани усулҳо ва асбобҳои маркетингӣ ва фурӯш;
· донистани бозори молиявӣ ва тамоюлҳо;
· дониши аълои забони русӣ ва қобилияти навиштани матнҳои баландсифат;
· маълумоти олӣ дар соҳаи маркетинг, иқтисод ё таблиғот.
Сифатҳои шахсӣ:
· оромӣ дар ҳолатҳои ногувор, бодиққатӣ;
· фаъолнокӣ/серҳаракатӣ;
· риояи принсипҳо.
Шартҳо/имкониятҳо:
· расман бо кор таъмин шудан, мутобиқи КМ ҶТ;
· имконияти болоравӣ аз рӯи вазифа дар бонки тезтараққикунанда;
· низоми муносиби музди меҳнат;
· рӯзи пурраи корӣ.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассис бозоршинос» ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холӣ ҷавобгӯ мебошанд.
· гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
· гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
· таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
· гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
· баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
· тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
· мониторинг ва таҳлили амалиётҳо;
Талаботҳои асосӣ:
· маълумоти олии иқтисодӣ;
· таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
· хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251
· Донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
· малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
· маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
· донистани забони давлатӣ ва русӣ.
Сифатҳои шахсӣ:
· эътимоднокӣ;
· покизакорӣ/бодиққатӣ;
· поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
· ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
· банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.
Шартҳо/имкониятҳо:
· барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· рӯзи пурраи корӣ/реҷаи кории 5/2;
· шароитҳои мусоиди корӣ;
· таълими корпоративӣ;
· эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани номи вазифа дар хати мавзуъ «Мутахассиси Департаменти назорати дохилӣ», ирсол намоед.
Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифаи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд.
· гузаронидани санҷиши зерсохторҳои бонк ва тартиб додани ҳисобот оид ба санҷиши гузаронидашуда;
· гузаронидани санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои дохилӣ бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ;
· таҳлил ва баҳодиҳии хавфҳо, пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати пешгирии онҳо;
· гузаронидани санҷиши бизнес – равандҳо дар бонк ва пешниҳоди хулосаю тавсияҳо нисбати онҳо;
· баҳодиҳии самаранокии низоми назорати дохилӣ;
· тартиб додани ҳисоботҳо барои роҳбарият;
· мониторинг ва таҳлили амалиётҳо.
Талабот:
· маълумоти олии иқтисодӣ;
· таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ/аудит ё баҳисобгирии муҳосибӣ на камтар аз 3 сол;
· хуб донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, аз он ҷумла дастурамалҳои: №171; 176; 247; 257; 204 ; 211; 227; 255; 190; 193; 251.
донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”;
· малакаи кор бо компютер, донистани MS Office ҳатмӣ;
· маҳорати баланди ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ;
· донистани забони давлатӣ ва русӣ.
Сифатҳои шахсӣ:
· эътимоднокӣ;
· покизакорӣ/бодиққатӣ;
· поквиҷдонӣ, пухтакорӣ;
· ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
· банақшагирии масъалаҳо аз рӯи афзалиятнокӣ.
Шартҳо/имкониятҳо:
· барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· рӯзи пурраи корӣ/ҷадвали кории 5/2;
· шароитҳои мусоиди корӣ;
· таълими корпоративӣ;
· эҳтимолияти берун аз ҳудуди шаҳр/вилоят/кишвар ба сафарҳои хизматӣ рафтан.
Резюмеро ба суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани «Мутахассиси назорати дохилӣ ш.Душанбе», ирсол намоед.
Эзоҳ: барои суҳбат танҳо ҳамон номзадҳое, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
· мусоидат дар назорат ва ҳисоботи қарзӣ;
· иҷрои дастурамалҳои марбути Бонки миллии Тоҷикистон;
· дастгирии бэк – офиси қарзии филиалҳо;
· баҳисобгирӣ ва назорати амалиётҳои қарзӣ, амалиётҳои хазинавӣ, интиқоли маблағ ва ҳуҷатгузории онҳо;
· назорат ва мувофиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардашуда бо шакл ва мақсади қарз, татбиқи воридоти қарз дар барномаҳо;
· назорати пардохти қарзи асосӣ ва фоизҳо аз ҷониби қарзгирон;
· омода намудани иттилоот барои аудиторҳои берунӣ ва мақомотҳои танзимкунанда дар доираи фаъолияти бэк-офис
Талаботҳо
· маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот, маълумот оид ба тавозун), донишҷуён – хатмкунандагони ихтисосҳои соҳавӣ бо имконияти ба рузи пурраи корӣ;
· сертификати CAP - бартари дорад;
· истифодабарандаи бовариноки компютери шахсӣ (Word, Excel) – ҳатмӣ ва барномаҳои бонкӣ;
· донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ – ҳатмӣ, забони англисӣ - матлуб аст.
Сифатҳои шахсӣ:
· бодиққат/покизакор будан;
· поквиҷдон ва пухтакор будан;
· доштани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ;
· доштани маҳорати бо зудӣ қабул намудани маълумотҳои ҳаҷман калон.
Шартҳо/имкониятҳо:
· барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
· рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2.
· омӯзиши корпоративӣ;
· имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан дар дохили бонк.
Резюмеро бо суроғаи Jobs@spitamen.com бо нишон додани “Муҳосиби филиал дар шаҳри___________” ирсол намоед, ё ин ки анкетаро дар филиал пур карда, супоред.
Эзоҳ: ба суҳбат танҳо довталабоне, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, даъват карда мешаванд.
- роҳбарӣ кардани фаъолияти МХБ;
- таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок дар байни зердастони худ;
- назорати иҷроиши нақшаҳои МХБ;
- назорат ва тафтиши кори хазина ва бақияи маблағҳо мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
- кушодан ва махкам кардани хазина мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии БМТ ва дохилии Бонк;
- таъмини ҳамкориҳои судманд ва самаранок бо филиал ва сохторҳои дахлдори Саридора;
- таъмин намудани риояи интизоми меҳнатӣ аз ҷониби кормандони МХБ;
- таъмин намудани иҷроиши вазифаҳои хизматии кормандони МХБ, инчунин фармон ва дастурҳои директори филиал ва роҳбарияти Бонк;
- дар асоси ваколатнома манфиатҳои Бонкро дар ҳама муассисаҳо ва ташкилотҳо намояндагӣ кардан;
- амалисозии маркетинги корпоративӣ дар МХБ ва таблиғи ҳама маҳсулоти бонк ба мизоҷони эҳтимолии МХБ ва Бонк;
- мутобиқи ҳуҷҷатҳои дохилии Бонк фаъол ва ғайрифаъол намудани таҷҳизоти муҳофизавӣ ва системаи овоздиҳанда (сигнализатсия).
Талабот:
- маълумоти олии иқтисодӣ;
- ҳадди ақал 3 сол таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ ва ҳадди ақал 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи роҳбарикунанда дар сохтори бонк;
- донистани қонунгузории бонкӣ;
- кобилияти кор кардан ба таври систематикӣ ва сохторӣ;
- ҳисси волои масъулиятнокӣ;
- дорои мантиқи тафаккурёфта;
- муносибати содиқона ба кормандони бонк ва рақибон;
- донистани ҳадди ақал 2 забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ;
- саводнокии компютерӣ.
Шартҳо/имкониятҳо:
- барасмиятдарорӣ аз рӯи КМ ҶТ;
- рӯзи кории пурра/реҷаи кории 5/2;
- музди маоши арзанда ва бонус;
- бозомӯзиш (тренинг)-ҳои ройгон чиҳати баланд бардоштани ихтисос/саводнокӣ;
- имконияти аз рӯи вазифа ва ихтисос боло рафтан.
Лутфан, дархости худро ба суроғаи электронии: jobs@spitamen.com бо нишон дар хати мавзуъ вазифаи "Мудири МХБ дар _____________" равон кунед.
Эзоҳ: танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯянд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
-
таҳия ва роҳандозии маҳсулоти нави қарзӣ;
-
таҳлили бозор, рақибон ва эҳтиёҷоти муштариён;
-
таҳияи консепсияи маҳсулот, аз ҷумла муайян намудани гурӯҳи мақсадноки муштариён, шартҳо, тарифҳо, лимитҳо ва муҳлати қарз;
-
таҳияи талаботи тиҷоратӣ (Business Requirements) ва модели молиявии маҳсулот;
-
ҳамкорӣ бо воҳидҳои идоракунии хавфҳо, технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва шуъбаи ҳуқуқӣ;
-
иштирок дар таҳияи сиёсати қарзӣ;
-
таҳлил ва арзёбии портфел ва нишондиҳандаҳои маҳсулот, аз ҷумла ҳаҷми қарзҳои додашуда, сатҳи қарзҳои муҳлаташон гузашта ва даромаднокӣ;
-
такмил ва оптимизатсияи маҳсулоти амалкунандаи қарзӣ;
-
таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба маҳсулот ва иштирок дар раванди мувофиқаи он бо роҳбарият;
-
назорати раванди роҳандозии маҳсулот ва таҳлили минбаъдаи самаранокии он.
Талабот ба номзад:
-
таҳсилоти олии касбӣ дар самтҳои иқтисод, молия, фаъолияти бонкӣ, математика ё соҳаҳои ба онҳо наздик
-
собиқаи корӣ дар бонк ё ташкилоти молиявӣ на камтар аз 3 сол; таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ё рушди маҳсулоти бонкӣ бартарӣ дорад;
-
таҷрибаи мустақилона таҳия намудан ё ба таври назаррас такмил додани маҳсулоти қарзӣ;
-
донистани нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти бонкӣ ва модели молиявии маҳсулоти қарзӣ;
-
малакаи хуби кор бо Excel; донистани SQL ва воситаҳои BI бартарӣ дорад;
-
малакаи таҳияи талаботи тиҷоратӣ ва супоришҳои техникии IT;
-
қобилияти ҳамзамон кор кардан бо якчанд воҳиди сохторӣ;
-
тафаккури низомнок, қобилияти таҳлилӣ ва тамаркуз ба натиҷа.
Сифатҳои шахсӣ:
-
тафаккури рушдёфтаи таҳлилӣ ва интиқодӣ;
-
тафаккури маҳсулотӣ (Product Thinking);
-
қобилияти муайян намудани робитаҳои сабабу натиҷа;
-
диққати ҷиддӣ ба ҷузъиёти кор;
-
малакаи муоширати возеҳ, асоснок ва далелнок.
Мо пешниҳод менамоем:
-
кор дар муҳити устувор ва касбии Бонк;
-
имконияти таъсир расонидан ба рушди маҳсулот;
-
музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулӣ;
-
имкониятҳои рушди касбӣ ва иштирок дар лоиҳаҳои рақамӣ.
Резюме (CV)-и худро ба суроғаи Jobs@spitamen.com ирсол намуда, дар мавзӯи нома чунин унвонро нишон диҳед Менеҷер оид ба рушди маҳсулоти қарзӣ / Product Manager (Департаменти қарзӣ) ё метавонед анкетаро дар филиали ҶСК «Спитамен Банк» пур намоед.
Эзоҳ: ба сӯҳбат танҳо довталабоне даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои ҷойи холии эълоншуда ҷавобгӯй мебошанд.