“Спитамен Бонк” ба таваҷҷуҳи Шумо ду корти машҳури байналмиллалӣ – Visa ва UnionPay-ро пешкаш менамояд. Бо воситаи ин кортҳо ба маҷмааи васеъи хизматрасониҳо, монанди пардохтҳо ва интиқоли маблағҳо бо тарзи ғайринақдӣ, идораи фосилавии суратҳисоб, пардохти маҳсулоту хизматрасонӣ дар Интернет ва ғ. дастрасӣ ёфтан мумкин аст.
Шумо метавонед кортҳоро барои харидорӣ дар мағозаҳо, супермаркетҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, дорухонаҳо на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар давлатҳои дигар низ истифода бурда метавонед.
Кор бо кортҳои “Спитамен Бонк” – ҳамеша осон ва бароҳат. Дар ҳар ҷое бошед, маблағи заруриатонро гирифта метавонед ва дар баробари ин дар бораи амнияти пулҳоятон хавотир намешавед. Мо муҳифизати пулҳои шуморо таъмин менамоем. Дар ҳолати гум шудани корт, метавонед дарҳол дастрасиро ба маблағҳои дар корт буда қатъ кунед.
“Спитамен Бонк” ҳимояи баландсифати воситаҳои пулӣ ва амалиёти хариди маҳсулоту пардохти хизматрасониҳоро кафолат медиҳад. Бонк мувофиқи принсипҳои пайравии технологияҳои иттилоотии пешрафта ва бо мақсади расонидани хизмати баландсифат, аз маркази протсессингии ширкати олмонии QUIPU, воқеъ дар Франкфурт, истифода мебарад.
Истифодаи протсессинги ин ширкат, дар баробари дигар бартариҳо, боз инҳоро кафолат медиҳад:
- сатҳи баланди бехатарии транзаксияҳои мизоҷон;
- имкониятҳои васеъи техникию технологии маркази протсессингии QUIPU;
- тадбирҳои муқтадири бехатарии маълумоти шахсии мизоҷон.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирфтани корт:
- Барои шаҳрвандон: шиноснома, РМА.
- Барои хориҷиён: шиноснома, РМА, қайди муваққатии ҷойи зист.
Тарофаҳои кортҳои бонки
Мы ответим на ваши вопросы
-
Барои кушодани корт кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
- шиносномаи шаҳрванди ҶТ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- Талабот ба гирандаи корт:
— синну сол на кам аз 18 сола;
-
Ман метавонам ПИН-рамзи кортамро иваз кунам?
ПИН-рамзи кортро дар банкомат ё дар нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ иваз кардан мумкин аст.
-
Агар ПИН-рамз нодуруст ворид шавад, чӣ рӯй медиҳад?
Дар ҳолати се бор нодуруст ворид кардани ПИН-рамз, корт бо таври автоматӣ маҳкам ва мусодира мешавад. Ин чораи махсуси бехатарӣ аст, ки барои ҳолатҳои дуздида шудани корт ва тахминан ёфтани ПИН-рамз пешбинӣ шудааст. Агар корти “Спитамен Бонк” дар банкомати бонки мазкур дармонад, Шумо метавонед онро баъд аз муроҷиат ба Бонк дубора ба даст биёред.
Агар корти “Спитамен Бонк” дар банкомати дигар бонк монад, бояд ба бонки соҳиби банкомат муроҷиат кунед. Одатан, баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, корт ба соҳибаш баргардонида мешавад.
Баъд аз гирифтани пули нақд аз банкомат ё пардохт тариқи POS-терминал, гирифтани корт ва расидро фаромӯш накунед. -
Оё ман метавонам муҳлати кори кортро дароз кунам ё ин ки бояд навашро гирам?
Тамоми кортҳои бонкӣ муҳлати муайяни корӣ доранд. Баъд аз ба анҷом расидани муҳлати корт, барои гирифтани корти нав ба бонк муроҷиат кунед.
-
Оё метавонад шахси дигар корти маро аз бонк гирад?
Бале, агар он шахс ваколатномаи бо таври нотариалӣ тасдиқшуда дошта бошад, метавонад корти шуморо аз бонк гирад.
-
Кортҳои шуморо дар хориҷа истифода бурда метавонам?
Албатта, бо кортҳои низомҳои байналмиллалии Visa ва UnionPay, новобаста аз асъори суратҳисоби корт, Шумо дар хориҷи кишвар метавонед пардохт анҷом диҳед ва аз банкоматҳо пули нақд гиред.
-
Оё ман метавонам ба суратҳисоби кортиам аз хориҷа пул гирам?
Бале, барои ин бояд ба шахси ирсолкунандаи маблағ реквизитҳои кортро пешниҳод кунед.
-
Если сумма, которую я заполнил через терминал, не зачислилась, куда мне обратиться?
В этом случае клиенту необходимо позвонить в колл-центр Спитамен Банка и оставить электронное заявление. Заявка будет рассмотрена и средства будут переведены в течение 3-х рабочих дней.
-
Агар маблағи тавассути терминал пур кардаам нагузарад, ба куҷо муроҷиат кунам?
Дар ин ҳолат мизоҷ ба маркази зангҳои Спитамен Бонк занг зада, аризаи электронии худро мегузорад. Ариза таҳлил гашта, дар давоми 3 рӯзи корӣ маблағ гузаронида мешавад.
-
Агар маблағи тавассути терминал пур кардаам кам гузарад, чӣ бояд кард?
Дар ин ҳолат мизоҷ ба маркази зангҳои Спитамен Бонк занг зада ( ё тариқи чат), аризаи электронии худро мегузорад. Ариза таҳлил гашта, дар давоми 3 рӯзи корӣ маблағ гузаронида мешавад. Аризаи электронӣ бояд дорои маълумотҳои зерин бошад: ному насаб, суроғаи терминал, санаи пардохт, маблағи пардохт, номгӯи пардохти нагузашта (сервис), рақамҳои мобилии мизоҷ, номгӯи пардохти нав
-
Ҳаққи хизматрасонӣ тавассути терминалҳои пардохтии Спитамен Бонк чанд фоиз мебошад?
Ҳамаи амалиётҳое,ки тавассути терминалҳои Спитамен Бонк гузаронида мешаванд, бидуни комиссия мебошанд.
-
Дар ҳолати гум шудан ё дуздида шудани корт чӣ бояд кард?
Дар ҳолати гум шудан ё дуздида шудани корт, соҳиби корт бояд дарҳол ба маркази занҳои Спитамен Бонк занг зада хоҳиш намояд, ки фавран корташро хомӯш кунанд (барои пешгирӣ намудан аз қаллобон).
-
Корт дар муддати чанд рӯз омода мешавад?
Кортҳо дар муддати аз 3 то 5 рӯзи корӣ дар шаҳри Душанбе омода мешаванд. Ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давоми 2 ҳафтаи корӣ бурда расонида мешаванд.
-
Оё ман имконияти барои шахси сеюм кушодани суратҳисоби кортиро дорам?
Агар Шумо ваколтаномаи тариқи нотариалӣ тасдиқшуда дошта бошед, метавонед барои шахси сеюм корти пардохтӣ кушоед.
-
Ҳангоми гум шудан ё вайрон шудани корт чӣ бояд кард?
Ҳангоми гум шудани корт, бояд дарҳол бонкро хабардор кунед ва дар давоми панҷ рӯзи тақвимӣ аризаро бо маълумоти ҳолати гум шудани корт пешниҳод кунед. Агар аз корт маблағе дуздида шуда бошад, тасдиқномаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро низ ба бонк биёред. Арзиши барориши корт мувофиқи тарофаи бонк гирифта мешавад.
-
Ба суратҳисоби корт кадом асъорро гузоштан мумкин аст?
Ба суратҳисоби кортӣ Сомонӣ, Рубли Русӣ, доллари ИМА ва Евро гузоштан мумкин аст.
-
Лимити гирифтани пули нақд аз бакномат барои кортҳои хориҷӣ чӣ қадар аст?
Барои кортҳои хориҷии Visa, дар доираи як транзаксия, лимити гирифтани пули нақд то 1000 сомонӣ муқаррар шудааст.
-
Агар банкомат кортро барнагардонад, чӣ бояд кард?
Дар ин ҳолат, бояд ба рақами (44) 600 39 30 занг зада, талаб намоед, ки кори кортро қатъ кунанд. Агар корти Шумо дар банкомати “Спитамен Бонк” монда бошад, метавонед ба филиал ё МХБ-и наздиктарини Бонк муроҷиат кунед. Кормандони мо, баъд аз гирифтани корт аз банкомат, ба Шумо хабар медиҳанд, ки онро кай метавонед ба даст оред.
Агар корти Шуморо банкомати бонки дигар мусодира кунад, бароятон зарур меояд, ки ба ҳамон бонк муроҷиат кунед. Одатан, баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, корти мусодира шударо ба соҳибаш бармегардонанд. Агар он бонк баргардонидани кортро рад кунад, Шумо метавонед ба шӯъбаи кортҳои бонкии “Спитамен Бонк”, барои ҳалли масъала, занг зада муроҷиат кунед. -
Агар ПИН-кодам фаромӯш шавад, чӣ бояд кард?
Албатта, беҳтараш, ПИН-кодро ҳамеша дар хотир дошта бошед, ё дар ягон ҷо, бе тафсир, навишта гиред. Дар ҳолати фаромӯш шудани ПИН-код, лозим меояд, ки барои гирифтани корти нав ариза нависед.
-
Як шахс метавонад якчанд корт гирад?
Бале, барои ин бояд аризаи дахлдор тартиб диҳад.
-
Баъд аз азнавбарории корт ПИН-коди он иваз мешавад?
Корт, бо сабаби гум, дуздида ё вайрон шуданаш, ё бинобар тамом шудани мӯҳлаташ, бо рақамҳои нав ва ПИН-коди нав дубора бароварда мешавад.