Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк соҳибкорзанонро дастигирӣ намуда, ҷавондухтарони қобилиятнокро ба кор даъват менамояд

	

Спитамен Бонк соҳибкорзанонро дастигирӣ намуда, ҷавондухтарони қобилиятнокро ба кор даъват менамояд

05.06.2023

photo тч1.jpg

Спитамен Бонк- бонки аз ҷиҳати иҷтимоӣ масъулиятнок буда, ҳамчун сарпарасти расмии Форуми занон, ки бо мақсади дастгирии рақамикунонии тиҷорат ва ташаккули бренди шахсӣ ташкил шуда буд, баромад кард.
Дар чорабинӣ соҳибкорзанони зиёд инчунин хатмкунандагони макотиби олии кишвар дар як минбар гирд омада, мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ ва аз таҷрибаи худ нақл карданд. Спитамен Бонк на танҳо шарики молиявӣ, балки иштирокчии фаъоли чорабинӣ низ буд.

photo тч 2.jpg

Намояндагони бонк дар мавзӯъҳои: “Иштибоҳҳои калонтарини маркетологон” ва “Монеаҳо дар роҳи расидан ба муваффақият дар фаъолияти бонкӣ” маърӯза карданд. Иштирокчиён дар суханрониашон то чӣ андоза муҳим будани на танҳо сохтани тиҷорати муваффақ, балки тавони пешбурди бренди шахсии худро қайд карданд. Онҳо барои эҷоди бренди муассир чанд маслиҳат дода, принсипҳои асосиеро, ки барои дар тиҷорат муваффақ шудан кӯмак мекунанд, тавсиф карданд.

photoтч4.jpg

 "Иштироки мо дар форуми занон фурсати хуб буд, то равиши пешқадами худро дар соҳаи бонкдорӣ бори дигар тасдиқ карда, омодагии доимии бонкро барои дастгирии занон дар тиҷорат ва инчунин ҷалби ҷавондухтарон ба соҳаи бонкдорӣ намоиш диҳем.” – қайд кард сардори Идораи маркетинг ва рушди бизнес дар Спитамен Бонк, Тухтаназарова Хосиятхон.

Возврат к списку