Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Асосӣ Хабарҳо ва релизҳои матбуот Спитамен Бонк дар форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд - 2023» иштирок намуд

	

Спитамен Бонк дар форуми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд - 2023» иштирок намуд

29.05.2023

photo1685079916 (1).jpeg

Рӯзҳои 24-25 май дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон форуми 3-юми байналмилалии содиротии «Бохтар фуд - 2023» баргузор гардид, ки дар он Спитамен Бонк як қатор маҳсулоти худро барои ҷалби мизоҷон муаррифӣ намуд.
Бонк иштирокчии фаъоли форум буда, ҳалли технологии худро барои беҳтар намудани содироти маводи ғизоӣ пешниҳод намуд. Кормандони бонк як қатор маҳсулотро дар шакли рӯнамо муаррифӣ намуда, имкониятҳои технологияҳои муосирро барои таҳкими амалиётҳои молиявӣ дар ин соҳа нишон доданд.


photo1685079916 (3).jpeg

 Форум аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ карда аз сармоягузорони хориҷӣ ба таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсолот дар минтақа даъват намуда, изҳор дошт, ки онҳо метавонанд бе мамониат маҳсулоти худро содирот намоянд.
Иштирок дар чунин чорабиниҳо эътибори бонкро нисбатан боло бурда, таваҷҷуҳи мизоҷони эҳтимолиро ба хизматрасонии он ҷалб мекунанд. Бонк имкониятҳои иштирок дар намоишгоҳҳо ва форумҳои байналмилалиро қадр карда, ҳамеша омода аст мавқеи фаъоли худро дар рушди содирот ва афзоиши иқтидори соҳибкорӣ дар минтақа нишон диҳад.

photo1685079916 (2).jpeg

 Спитамен Бонк ба Агентии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имкони иштирок дар форуми мазкур изҳори сипос мекунад ва омода аст минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дастгирӣ намояд.

Возврат к списку