Хайрия тариқи SpitamenPay


31.07.2019

face.jpg

Вақтҳои охир масъулияти иҷтимоии корпоративӣ (МИК) дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Дар фаъолияти худ Спитамен Бонк кӯшиш менамояд, ки баҳри рушди ин самт ҳамарӯза ҳиссагузор бошад.

Имрӯз мо бо хурсандӣ ба маълумоти Шумо мерасонем, ки гузаронидани маблағ барои хайрия роҳандозӣ гардида, пардохти он тариқи Spitamen Pay имкон дорад.

Агар Шумо хоҳиши кӯмаки молиявӣ намудан ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ: ятимон, занони бе сарпаноҳмонда ва маъюбон дошта бошед, Шумо метавонед тариқи хизматрасонии пардохтии SpitamenPay ба ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Амали нек”, ки бо ҳалли масълаҳои иҷтимоӣ ва кӯмак ба шахсони эҳтиёҷманд фаъолият мекунад, маблағ гузаронед.   

Дар ҷаҳони муосири технологияҳои электронӣ қариб дар ҳамаи оилаҳо истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ, компютер ва интернет мавҷуд мебошанд, ки ба воситаи онҳо  на танҳо вақтро сарфа менамоед (пардохтҳо ва интиқол дар дилхоҳ вақт), инчунин шароити бароҳати гузаронидани пардохтҳоро низ пайдо мекунед.

Хизматрасонии пардохтии SpitamenPay – ин воситаест, ки ба истифодабаранда барои пур кардани тавозуни телефонҳои мобилӣ, кортҳои бонкии системаи пардохти миллии Корти Миллии дилхоҳ бонк, ҳамаи кортҳои Спитамен Бонк (UnionPay / Корти Миллӣ ва VISA), пардохти интернет ва инчунин хайрия намудани маблағро ба шахсони ниёзманд имкон медиҳад.

Маълумоти муфассалро оиди имконият ва бартарияти  SpitamenPay- Шумо метавонед аз наздиктарин филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкии Спитамен Бонк ё бо рақами маркази тамос (Call-центр): (+992) 44 640-65-65 (зангҳо ба рақами кӯтоҳи 6565 аз телефонҳои мобилии ҳамаи операторони ҷумҳурӣ – ройгон) дастрас намоед.


Бозгашт