Амалиётҳои ғайринақдӣ

Лоиҳаи музди маош аз Спитамен Бонк қадамест ба ҷаҳони муомилоти ғайринақдӣ


17.04.2019

Дар доираи чорабиниҳои барои афзунгардонии муомилоти ғайринақдӣ дар мамлакат равонашуда, Спитамен Бонк дар самти паҳн намудани кортҳои пардохтии бонкӣ, дар байни аҳолӣ, мунтазам фаъолият мебарад. 

20190415_125554.jpg

Моҳҳои март ва апрели соли равон мутахассисони филиалҳои дар шаҳрҳои Хӯҷанд ва Турсундзода ҷойгиршуда, барои роҳбарон ва сармуҳосибони макотиби олӣ ва миёна семинарҳои махсус гузарониданд. 

20190328_154229.jpg

Иштирокчиёни семинар имконият доштанд, ки дар бораи чунин хизматрасонии бонкӣ ба мисли "Лоиҳаи музди меҳнат", ки имрӯз яке аз хизматрасонии маъруфтарин дар ҷаҳон аст, шинос шаванд. 

20190415_125610.jpg

Лоиҳаи музди маош аз Спитамен Бонк ин тарзи қулай ва зуд гузаронидани музди меҳнат ва дигар пардохтҳои кормандони ширкат ба ҳисоби корт мебошад, ки тартиби қарздиҳии кормандонро содда намуда, вақти кориро сарфа мекунад. 

Кортҳои пардохтии Спитамен Бонкро Шумо натанҳо барои нақд кардани маблағ дар банкоматҳо дар вақти дилхоҳ, балки барои пардохт намудани маҳсулот ва хизматрасониҳои нуқтаҳои маишӣ-савдоӣ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он истифода баред.   

Дар доираи лоиҳаи музди маош кормандони ташкилот метавонанд соҳиби корти пардохтии низоми Корти Миллӣ/UnionPay гарданд. 

Бартарияти кортҳои пардохтии  Спитамен Бонк: 

  • Ҳаҷми маблағ ва шумораи амалиёт дар дохили кишвар– номаҳдуд.
  • Комиссия барои гирифтани пули нақд аз банкоматҳои ҳамаи бонкҳои Тоҷикистон – 0%.
  • Пайвастшавӣ ба хизматрасонии «СМС-бонкинг» - 0%.
  • Пайвастшавӣ ба низоми SpitamenPay – ройгон.
  • Мӯҳлати барориши корт (новобаста аз шумора) – то 3 рӯзи корӣ.
  • Мӯҳлати амалкунии корт – 5 сол.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Лоиҳаи музди маош аз Спитамен Бонк” дар МХБ/филиали наздиктарин ва ё бо телефони: (+992) 44 640-65-65 (зангҳо аз рақамҳои ширкатҳои мобилии TCell ва Megafon ройгон мебошанд) гирифтан мумкин аст.


Бозгашт