Автоқарз - Спитамен Бонк

Автоқарз

Тибқи қарори №53 аз 22 июни соли 2022 меъёри фоизи маҳсулоти мазкур тағйир ёфт. Бо шартҳо ва меъёри фоизи нав метавонед дар ин ҷо шинос шавед

 
Ин намуди қарз барои харидорӣ кардани мошин аз шарикони Бонк – диллерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо, равона шудааст. Дар баробари ин, қарзро барои таъмири автомобил низ гирифтан мумкин аст.

Соҳиби мошини худ гардед!

Асъор Сомонӣ;
Доллари ИМА.
Маблағи камтарини қарз 2 000 сомонӣ;
200 доллари ИМА.
Маблағи калонтарини қарз 200 000 сомонӣ;
20 000 доллари ИМА.
Муҳлат қарз Муҳлати камтарин – 3 моҳ.                                                                 
Муҳлати дарозтарин - 36 моҳ.    
Фоизи қарзӣ Бо сомонӣ – 27%;
Бо доллари ИМА- 15%.
Пешпардохт 30% 
Гарав Тамғаи харидашуда
Барои ки Ба шахсони воқеӣ, шаҳрванди ҶТ

Ҳисобкунаки қарзӣ

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани Автоқарз:

  • Нусхаи шиноснома ва РМА-и мизоҷ.
  • Нусхаи шиносномаи ҳамсари мизоҷ (агар хонадор бошад).
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи манбаъи даромади мизоҷ: маълумотнома доир ба маош ё Патент/Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ.
Барои ба расмият даровардани автомобил ба сифати гарав, онро суғурта кардан зарур мешавад. Мо суғуртаи яке аз ширкатҳои пешқадами кишвар – Spitamen Insurance-ро тавсия медиҳем. Ба Шумо, ҳамчун мизоҷи Бонк, нархҳои беҳтаринро пешниҳод мекунанд.

Барои чӣ гирифтани қарз аз "Спитамен Бонк" судманд аст?

  • Суръати баланди додани қарз
  • Меъёри фоизии паст
  • Ҳамкории инфиродӣ ва мусоид бо ҳар як мизоҷ




Бозгашт ба рӯйхат