Маблағгузории тиҷоратӣ

ҶСП “Спитамен Бонк”, бо мақсади мусоидат кардан ба инкишофи соҳаи воридотию содиротӣ, маблағгузории тиҷоратию содиротиро пешниҳод мекунад. Маблағгузории тиҷоратӣ мақсади камкунии хавфҳои содиргару воридгаронро, ҳангоми амалисозии пардохтҳои байналмиллалӣ, дорад. 

Барои соҳибкороне, ки тиҷорати байналхалқӣ доранд, маҳсулоти махсус – “Маблағгузории тиҷоратӣ” пешниҳод мешавад. Ин маҳсулот барои муҳофизати манфиатҳои содиргарону воридгарон аз хавфҳои эҳтимолии молиявӣ, ҳангоми харидан ё фурӯхтани молу хизматрасонӣ, муқаррар шудааст. 

Мақсадҳои маблағгузории тиҷоратӣ: 

  • маблағгузории воридот – маблағгузории мизоҷон бо роҳи кушодани аккредитив ва таъиноти кафолатҳои бонкӣ;
  • хизматрасонӣ ба аккредитивҳои воридотию содиротӣ;
  • таъиноти кафолатҳо;
  • авизо намудани кафолатҳои аз тарафи бонкҳои хориҷӣ таъиншуда, ба манфиати мизоҷони бонк.

Аккредитив 

ҶСП “Спитамен Бонк” хизмати ҳисоббаробаркуниро дар шакли аккредитив мерасонад. Бонк, бо аризаи мизоҷ, ӯҳдадории пардохтро ба шахси сеюм, мувофиқи созишномаи тарафҳо, ба худ мегирад. Ин хизматрасонӣ на танҳо кафолати пардохтро ба таъминкунанда медиҳад, балки имкони фаъолияткуниро бе гирифтани маблағ аз капитали гардон фароҳам меорад. 
“Спитамен Бонк” ин хизматрасониро ҳам барои ҳисоббаробаркуниҳои дохилӣ ва ҳам барои байналмиллалӣ пешниҳод менамояд.

Кафолатҳои бонкӣ 

Кафолатҳои бонкии “Спитамен Бонк” ин воситаи босамар ва боэътимоди таъмини иҷрои ӯҳдадориҳост. Кафолати бонкӣ – ӯҳдадории ҳатмии бонки кафолатдеҳ барои пардохти маблағи муайян ба бенефитсиар, баъд аз пешниҳоди талабнома барои пардохт, мувофиқи шартҳои кафолат.

“Спитамен Бонк” намудҳои зерини кафолатҳоро пешниҳод менамояд: 

  • кафолати тендерӣ; 
  • кафолати баргардонии пешпардохт; 
  • кафолати иҷрои ӯҳдадориҳо; 
  • кафолати пардохт; 
  • аксулкафолат. 

Асъори кафолат: Сомонӣ, доллари ИМА, Евро, Рубли русӣ, Юани Хитой ва ғ. 

Бартариятҳои асосӣ

  • Усули инфиродии кор бо мизоҷ, таҳлили ҷудои ҳар як созишнома ва ба назар гирифтани талаботи мизоҷ.
  • Санҷиш ва ёрӣ дар тартибдиҳии созишномаи хориҷии иқтисодӣ.
  • Камкунии хароҷот ва хавфҳои иҷро накардани ӯҳдадориҳо.
  • Аз байн рафтани зарурияти гирифтани пул аз капитали гардон.
  • Шартҳои судманди маблағгузорӣ дар муқоиса бо арзиши қарзи бонкӣ.
  • Сохторсозии муносиби созишнома ва беҳтаргардонии ҳисоббарборакунӣ мувофиқи шартнома.
  • Дастгирии номи неки ширкат дар назди шарики хориҷӣ.
  • Ҳамроҳии бонк дар пешбарии созишнома аз аввал то анҷом. Имконияти гирифтани маблағгузорӣ барои мӯҳлати дароз.

Шартҳои базавии маблағгузории харидуфурӯши хориҷӣ

  • Мавҷудияти шартномаи хориҷии иқтисодӣ, ки дар асоси он амалиёти ҳақиқии тиҷоратӣ, яъне таҳвили маҳсулот аз як давлат ба дигар, пешбинӣ шудааст.
  • Мавҷудияти эҳиёҷоти мизоҷ дар истифодаи воситаҳои Бонк барои амалисозии амалиёти содиротӣ ё воридотӣ, бо мақсади сарфаи захираҳои худӣ ва/ё равонсозии онҳо ба дигар ҳадафҳо. 
  • Тарҷеҳ додан ба истифодаи шакли санадии ҳисоббаробаркунӣ, мувофиқи шартномаи хориҷии иқтисодӣ.
  • Мӯҳлати базавии маблағгузорӣ – то як сол, дар ҳолатҳои алоҳида – то се сол.

Кӣ метавонад аз маблағгузории тиҷоратӣ истифода барад?

  • Ширкатҳое, ки аз хориҷа барои фурӯш ба Тоҷикистон маҳсулот ворид месозанд.
  • Ширкатҳое, ки дар хориҷа ашёи хом ва таҷҳизот барои истифода дар истеҳсолот харидорӣ менамоянд.
  • Ширкатҳое, ки мошинаҳо ва таҷҳизоти хориҷӣ мехаранд.
  • Ширкатҳое, ки намудҳои гуногуни маҳсулоту таҷҳизотро содир менамоянд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази зангҳои мо муроҷиат кунед.


Қарзҳо
Пасандозҳо
Хизматрасонии хазинавию ҳисобӣ
Лоиҳаи маош
Маблағгузории тиҷоратӣ