Кушодани суратҳисоб

Интихоби бонк барои ширкат яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки аз он фаъолияти ҳаррӯзаи ширкат вобаста аст. Қариб ба аксарият суръат ва сифати хизматрасонӣ, сатҳи амният, шаффофияти шартҳо муҳиманд.

Дар “Спитамен Бонк” Шумо ҳамеша хизматрасонии аъло, суръати зуди корӣ, кормандони хушмуомилаву кордонро меёбед. Шартҳои мо оддӣ ва шаффофанд, сатҳи амнияти гузаронидани амалиётҳо бошад, ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯ аст.

Барои кушодани суратҳисоб ба шахсони ҳуқуқӣ, резидент ва ғайри резидент, ҳуҷҷатҳои зерин зарур мешаванд: 

  • Шаҳодатномаи қайди давлатии фаъолияти соҳибкорӣ.
  • Иқтибос.
  • Нусхаи оиннома ва ҳуҷҷатҳои муассисӣ.
  • Нусхаи гувоҳнома дар бораи доштани РМА.
  • Нусхаи шиноснома ва РМА-и ашхоси масъул.
  • Нусхаи протокол ё фармони таъинкунандаи роҳбар ва сармуҳосиб.
  • Мактуби ахборотӣ аз хадамоти андоз.
  • Корти намунаи имзоҳо ва мӯҳр – 2 нусха.
  • Барои филиал ё намояндагии нерезидентон – иҷозатномаи қонуникарда шуда (ё гувоҳинома), ки дар намояндагии дипломатии ҶТ дар хориҷа, ё дар намояндагии дипломатии  давлати хориҷӣ дар ҶТ, ки ба шахси ғайри резидент барои кушодани суратҳисоб дар давлати хориҷӣ дода шудааст.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази зангҳо занг занед ё ба мо нависед, кормандони мо ҳатман бо Шумо ба тамос баромада маълумоти заруриро пешкаш менамоянд.



Бозгашт ба рӯйхат