Ба тиҷорати хурд ва миёна

Ин намуди қарз ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои расидан ба мақсадҳои тиҷоратӣ дода мешавад. Акнун гирифтани воситаҳои пулӣ аз капитали гардон, ҳангоми пайдо шудани эҳтиёҷоти молиявӣ, зарур нест, танҳо ба “Спитамен Бонк” муроҷиат кардан бас аст. Дорандаҳои тиҷорати хурду миёна метавонанд то 3 000 000 сомонӣ ё то 300 000 доллари ИМА қарз гиранд.

Барои гирифтани қарз мӯҳлати фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ набояд аз се моҳ кам бошад.

Ба мизоҷони доимии таърихи қарзии хуб дошта, имконияти гирифтани қарз бо меъёри фоизии пасттар дода мешавад.

 Бо сомонӣ

  Бо доллари ИМА

  Маблағ: аз 300 001 то 3 000 000

 Маблағ: аз 30 001 то 40 000

  Меъёри фоизӣ: аз 24% солона

 Меъёри фоизӣ: аз 21% солона

    

 Маблағ: аз  40 001 то 50 000

 

 Меъёри фоизӣ: аз 20% солона 

 

 Маблағ: аз 50 001 то 100 000

 

 Меъёри фоизӣ: аз 17% солона 

 

 Маблағ: аз 100 001 то 300 000

 

 Меъёри фоизӣ: аз 16% солона

  Мӯҳлати қарз: аз 3 то 36 моҳ 

  Ба кӣ: соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, резидентҳои ҶТ 

  Кафил: як нафар кафил зарур аст  

Таъминоти гарав: амволи манқул ва ғайриманқул

 Давраи имтиёзнок: бо усули инфиродӣ

Ҳисобкунаки қарзӣ

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирфтани қарз:

  • Оинномаи ширкат.
  • Шаҳодатномаи бақайдгирии фаъолият.
  • Нусхаи шиносномаҳои муассисон, директор ва сармуҳосиб.
  • Протоколи маҷлис дар бораи гирфтани қарз.
  • Фармон дар бораи таъин шудани директор.
  • Ҳисоботи идора (тавозун, ОПУ, ОДДС ва ғ.) барои се моҳи охир.

Барои ба сифати гарав ба расмият даровардани моли манқул ва ғайриманқул, онро суғурта кардан зарур мешавад. Мо суғуртаи яке аз ширкатҳои пешқадами кишвар – Spitamen Insurance-ро тавсия медиҳем. Ба Шумо, ҳамчун мизоҷи Бонк, нархҳои беҳтаринро пешниҳод мекунанд.


Барои чӣ гирифтани қарз аз "Спитамен Бонк" судманд аст?

  • Суръати баланди додани қарз
  • Меъёри фоизии паст
  • Ҳамкории инфиродӣ ва мусоид бо ҳар як мизоҷ




Бозгашт ба рӯйхат