Хизматрасонии кортҳои НПБ Mastercard дар Спитамен Бонк

Спитамен Бонк ва Mastercard аз густариши назарраси шарикии худ хабар доданд. Акнун дорандагони кортҳои НПБ Mastercard метавонанд тавассути POS-терминалҳои Спитамен Бонк маблағҳои худро нақд гардонанд. Чунин хизматрасонӣ ба рушди минбаъдаи амалиётҳои ғайринақдӣ ва афзоиши фарогирии молиявии шаҳрвандон дар маҷмӯъ мусоидат мекунад.
Имрӯз мизоҷон метавонанд аз кортҳои НПБ Mastercard дар 6 нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк пули нақд гиранд:
1. Сарраёсат, ш. Душанбе, к. Шамсӣ, 4 (ҷойгиршавӣ: мелиоратсия)
2. Филиали Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 70 (ҷойгиршавӣ: Универмаги марказӣ)
3. Филиали Душанбе, к. Айнӣ, 34 (ҷойгиршавӣ: МС Садбарг)
4. МХБ Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 30 (ҷойгиршавӣ: Театри опера ва балет)
5. Филиал дар Хуҷанд, к. К.Хучандй, 189А
6. Филиал дар ш. Бохтар, к. Борбад, 6
Дар оянда хизматрасонии нав доираи васеи истифодабарандагонро фаро мегирад, то ки дорандагони кортҳои НПБ Mastercard дар ҳама филиалҳо ва МХБ-ҳои бонк ба қадри имкон дастрас бошад. Тавсеаи шарикӣ барои рушди мутақобилаи ширкатҳо имкон фароҳам меорад, ки ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ мусоидат мекунад.
• Барои нақдигардонии маблағҳо аз тарафи Бонк ягон маҳдудият гузошта нашудааст.
• Комиссия барои гирифтани маблағ тавассути POS-терминалҳо – 0%.
• Барои тасдиқи амалиёт, бояд рамзи PIN-ро ворид кард.
Mastercard International – ширкати ҷаҳонии технологияҳои пардохт мебошад. Шабакаи ҷаҳонии коркарди пардохт истеъмолкунандагон, муассисаҳои молиявӣ, тоҷирон, ҳукуматҳо ва корхонаҳоро дар зиёда аз 210 кишвар ва қаламрав мепайвандад. Маҳсулотҳои Mastercard фаъолиятҳои ҳаррӯзаи тиҷоратиро ба мисли харид, сафар, тиҷорат ва идоракунии молия барои ҳама осонтар, бехатартар ва муассиртар мекунанд.