Интиқол ба кортҳои Спитамен Бонк бидуни комиссия - Спитамен Бонк

Интиқол ба кортҳои Спитамен Бонк бидуни комиссия

29.09.2023

для телеграм тч.png

Пардохти хизматрасонӣ 0% шуд!  

Спитамен Бонк оид ба тағйироти муҳим дар кор бо бонкдории мобилии ташкилотҳои молиявии ватанӣ эълон кард. Акнун қабули маблағҳо аз терминалҳои пардохти, ҳамёнҳои электронӣ ва кортҳои бонкӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои молиявӣ пешниҳод карда мешаванд, бе комиссия сурат мегирад. Пештар комиссия то 2% - ро ташкил медод. 

"Мо мекӯшем, ки ба мизоҷони худ шартҳои беҳтарини истифодаи хизматрасониҳои худро пешниҳод намоем ва бо хушнудӣ эълон менамоем, ки интиқол аз терминалҳои пардохтӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва кортҳои дигар бонкҳои Тоҷикистон бе комиссия шуд.     Сиёсати нави комиссияи мо ба мизоҷонамон имкон медиҳад, ки миқдори назарраси маблағро сарфа карда истифодаи хизматрасониҳои бонкиро боз ҳам ҷолибтар кунанд", - гуфт Дилшод Исхаков, Сардори Департаменти кортҳои бонкии ҶСП "Спитамен Бонк".

Бо кӯмаку кӯшишу талошҳои бузург ва муносибати инноватсионӣ, Спитамен Бонк ягона бонки кишвар аст, ки чунин шартҳои муфидро пешниҳод мекунад. 
 
Ин тағйирот барои содда ва босуръат кардани раванди пардохти молҳо ва хизматрасониҳо, инчунин рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар дохили кишвар равона карда шудааст.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи шартҳои нави қабули пардохтҳо ва дигар хизматрасониҳои Спитамен Бонк ба рақами 6565 муроҷиат кунед.


Бозгашт