Хуш омадед – бо ҳам ба фатҳи қуллаҳои нав! - Спитамен Бонк

Хуш омадед – бо ҳам ба фатҳи қуллаҳои нав!

21.10.2021



Барои навкорон, ки нав ба сафи кормандони Спитамен Бонк шомил шудаанд, семинари "Хуш омадед" гузаронида шуд.
 
“Хуш Омадед” — аллакай як семинари одатӣ, ки дар он дар бораи коргоҳ, маҳсулот ва навовариҳо сӯҳбат мекунанд, набуда, бештар барои мутобиқшавии осонтари кормандони нав равона шудааст. Дар доираи ин чорабинӣ роҳбарони Департаментҳо ва намояндагони Раёсати Спитамен Бонк дар бораи дастовардҳо, бартариятҳои кор дар Спитамен Бонк ва албатта дар бораи нақшаҳои корӣ сухан гуфтанд.
 
Итирокчиён аз семинари интерактивӣ бисёр чизҳои нав омӯхта, дар баҳсҳои ҷолиб ширкат варзиданд ва сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ шуданд. Дар баробари гирифтани донишу таҷриба, онҳо аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар дӯстони нав пайдо карданд. Муҳимтар аз ҳама, семинар имконияти олие буд барои  бо ҳайати роҳбарикунандаи Бонк шахсан шинос шудан.
 
Дар семинари имсола зиёда аз 100 нафар ширкат варзиданд, ки 25-тои онҳо бонувон буданд.

Бозгашт