Спитамен Бонк ва Алфа-Бонк: интиқол ба корт - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк ва Алфа-Бонк: интиқол ба корт

18.12.2019

Альфа.jpg

18 декабри соли 2019 - Спитамен Бонк ва Алфа-Бонк лоиҳаи муштаракро оид ба пур кардани кортҳои бонкии низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"-и ҳама бонкҳо ва кортҳои низомҳои UnionPay ва VISA- и Спитамен Бонк тавассути барномаи Алфа-Банк (Федератсияи Россия) оғоз карданд.

Бо назардошти талаботи рӯзафзуни мизоҷон барои интиқоли пул аз Русия ба хешовандон ба Тоҷикистон, Спитамен Бонк дар ҳамқадамӣ бо замон хизматрасониҳои наву и нноватсиониро фаъолона ҷорӣ менамояд ва бо бонкҳои пешбари Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

Алфа-Банк, ки аз ҷиҳати дороии ва сармояи умумӣ, сандуқи пасандозӣ бузургтарин муассисаи хусусии молиявӣ дар Русия аст, шарики навбатии Спитамен Бонк дар татбиқи лоиҳаи такмил додани кортҳои бонкӣ гардид.

Дорандагони кортҳои бонкии низоми миллии пардохтии "Корти Миллӣ"-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ва кортҳои низомҳои байналмилалии UnionPay ва VISA- и Спитамен Бонк метавонанд интиқолҳои пулиро тавассути барномаи Алфа-Бонк (Федератсияи Русия) ба корти худ гиранд.

Ҳаққи хизмат барои интиқол ситонида намешавад. Интиқол бо рубли русӣ ва пас аз мубодилаи минбаъда ба суратҳисоб бо асъори миллӣ (сомонӣ) дар вақти воқеӣ амалӣ карда мешавад. Маблағи максималии якбора интиқолшаванда 15 000 рубли русиро ташкил дода, нисбати шумораи амалиётҳо ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасониҳои Спитамен Бонк, дар соомонаи бонк https://www.spitamenbank.com, нуқтаҳои хидматрасонӣ ва ё тавассути рақами Маркази Тамос 6565 гиред (занг аз ҳама операторҳои мобилии Тоҷикистон ройгон аст).


Бозгашт