Консерти "Бартарафсозии сарҳадҳо" барои кӯдакони лаёқатманд - Спитамен Бонк

Консерти "Бартарафсозии сарҳадҳо" барои кӯдакони лаёқатманд

11.12.2019

IMG_0307.JPG

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии маъюбон, Спитамен Бонк дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии Меҳрбахш, консерти «Стирая границы» (Бартарафсозии сарҳадҳо) -ро барои кӯдакони лаёқатманд баргузор намуд.

Ҳамасола 3 декабр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Спитамен Бонк, ки ба ояндаи насли ҷавони кишвар ғамхорӣ менамояд, консерти кӯдакони лаёқатмандро ташкил намуд ва ба ин васила ба ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ҷомеаи муосир саҳм гузошт.

IMG_0176.JPG

"Бартарафсозии сарҳадҳо" - консерти хайрия маҳз ҳамин гуна номида шуд, ки дар он кӯдакони боистеъдод аз минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд.

“Ман шодам, ки дар ин консерт ширкат кардам. Бо шарофати ташкилотҳои ба монанди Спитамен Бонк ва Меҳрбахш, мо метавонем истеъдодҳои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.”- гуфт Акбар Каримов, сарояндаи ҷавон.

IMG_0214.JPG

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур ҳар як кӯдаки маъюбро ба худ ва қобилиятҳои эҷодии худ бовар кунонидан ва нерӯ бахшидан барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав буд.

Пеш аз консерт дар толори театри ба номи А.Лоҳутӣ барои меҳмонон ва иштирокчиёни консерт чорабиниҳои фароғатӣ ташкил карда шуданд. Дар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда ҳама кӯдакон иштирокчии озмунҳои ҷолиб, рақсҳои ҷаззоб ва бисёр туҳфаҳои дигар гардиданд.

IMG_0247.JPG

"Мо мехостем ин натанҳо консерт, балки ҷашнворае шавад ва дар он нафақат кӯдакони имконияташон маҳдуд, балки ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд истеъдодҳои ҳамсолони худро бубинанд ва онҳоро дастгирӣ кунанд, ширкат варзанд" - қайд кард Дилафрӯз Нуралиева, менеҷери минтақавии Спитамен Бонк.

IMG_0159.JPG

"Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ба туфайли кори ҳамоҳангшудаи гуруҳи ёрдамчиён ва кормандони Спитамен Бонк фазои нек ва шодмониро ба вуҷуд оварданд" - шарҳ дод Т. Холмаҳмад,раиси Ассотсиатсияи маъюбон

IMG_0399.JPG

«Ман дар ин ҷашнвора ҳамчун ёрдамчии ихтиёрӣ иштирок кардам. Бинои хуб интихоб карда шуда буд. Ҳангоми тақсимот, ба ман минтақаи санъати тасвирӣ вогузор карда шуд ва ман чеҳраи кӯдаконро бо рангҳо оро дода онҳоро каме ҳам бошад хушҳол кардам. Барои ман ин таҷриба бебаҳо буд, зеро тавонистам талоши ин кӯдакон барои фатҳи қуллаҳои нав эҳсос намоям. " - Тасаввуроти Матлюба З., рассом аз гурӯҳи ёрдамчиёни ихтиёрӣ .

IMG_0266.JPG


Бозгашт