Бинои нави филиали ҶСП “Спитамен Бонк” кушода шуд - Спитамен Бонк

Бинои нави филиали ҶСП “Спитамен Бонк” кушода шуд

11.04.2017

Имрӯз, 11-уми апрел маросими кушодашавии бинои нави филиали ҶСП “Спитамен Бонк” дар кӯчаи Н.Махсум 72/1 баргузор гардид. Бинои пешинаи филиал дар наздикии Маркази савдои “Саодат” ҷойгир буд.

Дар маросими кушодашавӣ Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” Саидмуродов Ниёзмурод Мелибоевич, узвҳои Раёсат намояндагони ҳукумати шаҳр ва Бонки миллӣ, мизоҷон иштирок доштанд.



Раиси Раёсат барои фаъолияти бобарори кормандони филиал баҳри манфиати мардум, мусоидат ба рушди низоми бонкии кишвар, инчунин ҷалби мутахассисони ҷавони шаҳр изҳори умедворӣ намуд.

Фаъолияти филиали мазкур, монанди дигар филиалҳои бонк, мувофиқи стандартҳои байналмиллалии хизматрасонии мизоҷон сурат мегирад. Дар бинои нави филиал ҳамаи хизматрасониҳои бонкӣ бо назардошти навгониҳои муосири технологӣ таъмин карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҶСП “Спитамен Бонк” дорои 12 филиал дар ҷумҳурӣ буда, аз он 5-тоаш дар шаҳри Душанбе ва 7-тои дигар дар ноҳияҳо ҷойгиранд.
Филиали ҶСП “Спитамен Бонк” воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум72/1 мувофиқи тамға ва услуби ширкат омода шудааст.


Бозгашт