Интиқоли маблағҳо тариқи “Юнистрим” дар “Спитамен Бонк” - Спитамен Бонк

Интиқоли маблағҳо тариқи “Юнистрим” дар “Спитамен Бонк”

07.06.2016

Аз 23 майи соли 2016 “Спитамен Бонк”, яке аз институтҳои пешбари молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарики расмии низоми байналмиллалии пардохтӣ гардид. Акнун ҳама нуқтаҳои “Спитамен Бонк” ба боздоди интиқоли пулии фаврии “ЮНИСТРИМ” тайёр аст.


Кордонҳои “ЮНИСТРИМ” мунтазам барои паҳнтар сохтани маҳалҳои кориаш, ки дар он ҷойҳо аз хизматрасонии фаврии интиқоли маблағҳо бо тарофаҳои пасттарин истифода кардан мумкин аст, кӯшиш мекунад. Комёбии нав дар ин самт ҳамкорӣ бо ҶСП “Спитамен Бонк” мебошад.

– Мо ҳамарӯза барои он ҷидду ҷаҳд мекунем, ки дар дунё маҳалҳое, ки дар он ҷо аз хизматрасониҳои мо истифода кардан мумкин нест, камтар шудан гиранд, – қайд мекунад Раиси Раёсати “ЮНИСТРИМ” Кирилл Палчун. – Дар шароити имрӯзаи ноустувории молиявӣ ягона чизе, ки ба он умед бастан мумкин аст – ин одамон, хешовандону наздикони моанд. Имконияти дар вақташ расонидани ёрӣ ё ҳангоми ид равон сохтани тӯҳфа – ин яке аз унсурҳои асосӣ ва зарурии ҳаёти инсон аст ва мо барои доштани он имконият ба мизоҷон хизмат мекунем. Акнун – бо шарики навамон, ҶСП “Спитамен Бонк”.

“Спитамен Бонк” ҳамчун шарики боэътимоди молиявӣ шинохта шудааст ва метавонад бо таърихи худ, ки аз соли 2008 бо кушодашавии Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Спитамен Капитал” (ТАҚХ) шурӯъ мегардад, ифтихор кунад. Кори мураттаби кормандон, зиёд гаштани сармояи низомӣ ва пешрафти устувор ба ТАҚХ имконият дод, ки аллакай соли 2014 иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои фаъолияти бонкӣ соҳиб шавад. Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, боварии қатъӣ ба тавонии худ ва ба мизоҷони ояндаи худ ғамхор будан ба “Спитамен Бонк” дар раванди душвори табдилёбии ташкилоти амонатии қарзии  хурд ба бонки комил, ки монанди пешин сазовори эҳтирому эътимодияти мизоҷон аст, ёрӣ расонд.

Айни ҳол, нуқтаҳои “Спитамен Бонк” дар 8 шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боздоди маблағҳое, ки аз дилхоҳ нуқтаҳои “Юнистрим” интиқол шудаанд, омода мебошад.

Бозгашт