Президенти Тоҷикистон дар маросими кушодашавии бинои нави “Спитамен Бонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуд - Спитамен Бонк

Президенти Тоҷикистон дар маросими кушодашавии бинои нави “Спитамен Бонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирок намуд

25.08.2016

Имрӯз, 25-уми август бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави филиали ҶСП «Спитамен Бонк» дар Қӯрғонтеппа гузашт.


President of RT.jpg


«Бинои нав имкониятҳои филиалро зиёд гардонидааст. Нахуст, шароити будубоши мизоҷон ва кормандони Бонк дар сатҳи хеле баланд аст. Дуввум, маҳалли ҷойгиршавии филиал барои мизоҷон қулай аст. Сеюм, дар филиал маркази омӯзишӣ барои гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои кормандони Бонк, мизоҷон ва сокинони вилояти Хатлон омода карда шудааст.

Мо васеъгардонии шабакаҳои филиалиро пеш гирифтаем, то ин ки маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкии дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба ҳамаи сокинони кишвар дастрас бошанд.

Инчунин, боиси хушнудист, ки маросими ифтитоҳи бинои нави филиал бо таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад», – гуфт Раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк» Ниёзмурод Саидмуродов.

Дар филиал маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, пасандозҳо, интиқоли пул, мубодилаи асъор, пардохти хизматрасонии коммуналӣ, қарзҳои имтиёзнок, ва ғайраҳо расонида мешаванд. Бино бо сабки муосир сохта шудааст ва беш аз 50 ҷойи корӣ дорад.

Рушди инфрасохтори шабакаи филиалӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити бароҳат барои мизоҷон ва кормандон вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарияти ҶСП «Спитамен Бонк» мебошанд. Дар давоми ду соли охир дар ин самт бисёр корҳо анҷом дода шуданд. Бисёри филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ба стандартҳои корпоративии бонк мутобиқ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин аҳамияти сиёсати пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои таҳкими низоми бонкӣ, бонкҳо ва дастгирии рушди иқтисодиёти миллӣ таъкид намудан лозим аст.

Дар давоми фаъолияти сесолаи худ, Бонк ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт: дар ибтидои семоҳаи сеюми соли 2016 дороиҳои бонк ба маблағи зиёда аз 711,5 млн сомониро ташкил дода, сандуқи қарзӣ – 203,1 миллион сомонӣ ва ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ин сол ба 785 расид, аз ин 209 қарз ба маблағи 61,5 млн. сомонӣ ба занон дода шуд. Аз оғози фаъолияти бонк зиёда аз 7.215 қарзҳо (аз ҷумла 1181- ба занон), ба маблағи умумии 233,4 миллион сомонӣ дода шудааст.

ҶСП «Спитамен Бонк» фаъолияти худро соли 2008 ба ҳайси Ташкилоти хурди амонатию қарзӣ (ТХАҚ) «Спитамен Капитал» оғоз намуд. Таҷрибаи захирашуда, кадрҳои баландихтисос, боварии мизоҷон барои пешрафт ва минбаъд ба бонки тиҷоратӣ табдил ёфтан, заминаи хуб шуд. Сеюми январи соли 2014 ба ҶСП ТХАҚ «Спитамен Капитал» аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон барои гузаронидани фаъолияти бонкӣ иҷозатномаи расмӣ дода шуд ва дар бозори молиявии Тоҷикистон ҶСП «Спитамен Бонк» ба вуҷуд омад.

Айни ҳол 12 филиал ва МХБ-и Спитамен Бонк дар саросари кишвар, маҷмӯи пурраи хизматрасониҳоро ба мизоҷони корпоративӣ ва хусусӣ пешкаш менамоянд.


Бозгашт