Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Частным лицам
Юридическим лицам
Финансовым организациям
О банке
Вакансии
Тендеры

Агар хоҳед, ки ба ширкати Шумо дар бонки боэътимод, ки ҳамкорӣ бо он ҳамеша бароҳат аст, хизмат расонанд, пас бояд ба “Спитамен Бонк” муроҷиат кунед. 

ҶСП “Спитамен Бонк” хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавиро бо номгӯи васеъи амалиётҳо доир ба кушодану идоракунии суратҳисобҳо, ки ба стандартҳои байналмиллалии сифат ҷавобгӯанд ва кафолати баланди амниятро доранд, мерасонад. 

Равобити мукотиботӣ бо бонкҳои машҳури хориҷӣ ба мизоҷони мо имкон медиҳад, ки амалиёти пардохти байналмиллалиро дар тамоми давлатҳои дунё анҷом диҳанд. Низоми байналмиллалии SWIFT бошад суръати зуд ва дақиқияти амалиётҳоро кафолат медиҳад.

Мо кӯшиш менамоем, ки хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ дар бонк зуд ва осон бошад.

АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МО ИСТИФОДА БАРЕД:

  • кушодан ва идора кардани суратҳисобҳо бо:
    • Сомонӣ;        
    • Доллари ИМА;
    • Евро;
    • Рубли ФР;
  • пардохт ва интиқоли ғайринақдӣ бо сомонӣ дар қаламрави ҶТ;
  • пардохт ва интиқоли ғайринақдӣ ба давлатҳои хориҷии наздик ва дур бо асъори хориҷӣ;
  • хизматрасонии хазинавӣ;
  • амалиёти мубодилавӣ;
  • расонидани хизматрасонии машваратӣ ба мизоҷон доир ба масъалаҳои хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ.

Ғайр аз ин метавонед аз хизматрасонии SMS- ё E-mail- огоҳкунӣ истифода баред. Ин хизматрасонӣ барои сарфаи вақтатон мусоидат карда, имконият медиҳад, ки доир ба тағйироти вазъияти суратҳисобатон, бо роҳҳои ба Шумо маъқул – тариқи SMS- ё E-mail- огоҳкунӣ, маълумот гиред.

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан, ба маркази зангҳои мо занг занед ё ба филиалу МХБ-и ба Шумо наздик муроҷиат кунед.