Маблағгузории тиҷоратӣ

Маблағгузории тиҷоратӣ

Ин як намуди маҳсулоти бонкӣ буда барои ҳисоббаробаркунӣ дар савдои байналхалқӣ бо мақсади ҳифзи содиркунандагон ва воридкунандагон аз хавфҳо мавҷуда ба мисоли пардохт нашудани маблағ, дастрас накардани мол, таъсири манфии асъорӣ ва ғайраҳо эмин намудан, лозим аст.   

Аккредитив чист?

akreditiv

Бартариятҳои асосӣ

  • Муносибати ҷудогона нисбат ба ҳар як мизоҷ,  таҳлили алоҳидаи ҳар як  шартнома ва ба инобат гирифтани талаботҳои мизоҷон
  • Омӯзиш, таҳлил ва расонидани ёрии амалӣ  дар  барқарор намудани  муносибатҳои шартномавии беруна
  • Коҳиш додани хароҷот ва хавф дар иҷро нашудани уҳдадориҳо
  • Мавҷуд набудани зарурият дар ҷудо намудани захираҳои худдӣ аз гардиш
  • Шартҳои муфиди маблағгузоришаванда нисбат ба фоизи қарзи бонкӣ
  • Чандирнамоии сохторсозӣ дар шартнома ва мукаммал намудани раванди ҳисоббаробаркунӣ
  • Дастгирӣ намудани обрӯи баланди ташкилоти Шумо дар назди шарикони хорриҷӣ
  • Дастгирӣ намудани шартнома аз оғози кор то ба охир аз ҷонибӣ Бонк дар мавриди ҷоринамоии фаъолият
  • Имконияти гирифтани маблағгузорӣ бо шарти дурру-дароз

Шартҳои аввалиндараҷаи маблағгузории савдои беруна?

  • Мавҷудияти шартномаи беруна, ки дар он савдои ҳақиқӣ пешбинӣ шудааст. Яъне аз як давлат ба як давлати дигар бурдани молу амвол
  • Мавҷуд будани талаботи мизоҷ барои ҷалби захираҳои бонкӣ бо мақсади ба амал баровардани амалиёти содиротӣ ё воридотӣ ва дар ин замина сарфа намудани захираҳои худдӣ барои равона намудани онҳо ба дигар самти фаъолият
  • Бартарият дар истифода бурдани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ мувфиқи шартномаҳои берунаи иқтисодӣ дода мешавад
  • Муҳлати авалиндараҷа барои маблағгузорӣ – то як сол дода мешавад. Дар ҳолатҳои ҷудогона то се сол

Ки аз маблағгузории тиҷоратӣ истифода бурда метавонад?

  • Ташкилоте, ки аз аз ҳориҷи кишвар молу амволе  ба Тоҷикистон оварда фурухтанӣ мақсад дошта бошад
  • Корхонае, ки аз хориҷи кишвар ашёи хом ва воситаҳои истеҳсолиро бо мақсади дар оянда истифода бурдан дастрас намуданӣ аст
  • Корхонае ки аз хориҷи кишвар дастгоҳу механизмҳоро ворид намуданӣ аст
  • Корхонае, ки амалиётҳои содиротиро дар самти фуруши молу амвол ба хориҷӣ кишвар амалӣ  менамояд

Маълумоти бештар бо телефонҳои    44 600-35-90