ҶСП «СПИТАМЕН БОНК» САФАРИ РАСМИИ МЕҲМОНОНРО АЗ САФОРАТИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН ВА НАМОЯНДАГОНИ GENERAL ELECTRIC, COCA-COLA, VISA, APR ENERGY БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ.


Ин мулоқот дар доираи сафари расмии тиҷоратии Амрико ба Тоҷикистон баргузор гардид.
3
Дар ҷараёни мулоқот на танҳо фазои сармоягузорӣ ва ҳолати бонкии мамлакат, балки роҳҳои ҳамкории ширкатҳои хориҷӣ ва Спитамен Бонк баррасӣ шуд. Меҳмонон барои фаъолияти Спитамен Бонк баҳои баланд дода, барои ҳамкорӣ дар оянда изҳори умед намуданд.
1
Ёдовар мешавем, ки Спитамен Бонк барои музокирот ва ҳамкорӣ омода аст, ҳамин тавр, ҳафтаи гузашта Меморандуми тафоҳум байни ҶСП «Спитамен Бонк» ва China Union Pay International ба имзо расида буд.