СПИТАМЕН БОНК ТО 0,5% АЗ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ ЗОЛОТАЯ КОРОНА БАРМЕГАРДОНАД.

золотая корона 8x3

Оё шумо ягон маротиба дар бораи чӣ қадар маблағ ҳамчун комиссия ба бонк пардохт карданро фикр кардаед? Дар интиқоли маблағи якдафъаина ба назар намоён нест, аммо агар ба шумо дар як сол чанд маротиба маблағ фиристанд ва ҳаҷми миёнаи маблағи интиқолро ҳисоб кунем, маблағи ҷамъшуда арзанда мешавад, эҳтимолан бо ҷамъ кардани он шумо метавонед ягон хариде, ки дер боз интизораш ҳастед ба ҷо оред, ё буҷаи оилавиро пур намоед.

Спитамен Бонк аз наздикони шумо ғамхорӣ намуда, ифтитоҳи лоиҳаи навро эълон менамояд. Акнун, ҳангоми гирифтани маблағи интиқолшуда тариқи низоми интиқолии Золотая Корона, Спитамен Бонк ба шумо 0,5%  аз интиқол маблағро бармегардонад. Барои ин, ба шумо лозим аст, ки маблағи интиқолшударо аз шӯъбаҳои ҶСП “Спитамен Бонк” гиред.

Мо меҳнати шуморо қадр менамоем.