ВОХӮРИИ ҶСП “СПИТАМЕН БАНК” БО БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД.

ebdr

6 сентябр  мулоқоти расмии роҳбарияти ҶСП Спитамен бо роҳбарияти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагони  Спитамен Бонк дар бораи фаъолияти бонкӣ, муваффақиятҳо ва нақшаҳои корӣ маълумот доданд.
Ба низоми қарздиҳии Спитамен  Бонк таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

 Тарафайн оид ба масъалаи кӯмаки техникӣ ҷиҳати таҳкими заминаи техникӣ бо мақсади беҳтар намудани равандҳои тиҷоратӣ ва сифати хизматрасонии мизоҷон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Ҳарду ҷониб барои густариши  ҳамкории минбаъдаи созанда  изҳори умед карданд.