МАРОСИМИ БА ИМЗО РАСОНИДАНИ МЕМОРАНДУМИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ҶСП «СПИТАМЕН БОНК» ВА CHINA UNION PAY INTERNATIONAL БАРГУЗОР ГАРДИД.

Чоруми июл  маросими ба имзо расонидани Меморандуми тафоҳум байни ҶСП «Спитамен Бонк» ва China Union Pay International баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар натиҷаи вохӯриҳои байни намояндагони Спитамен Бонк ва China Union Pay International оид ба баррасии насби протсессинги нав, гузаштан ба технологияҳои нав ва сатҳи хизматрасонӣ ба миён омадааст. Дар чорабинии расмӣ  намояндагони се бонкҳои кишвари мо низ иштирок намуданд.

34

Зарурати ҳамкорӣ бо яке аз бузургтарин низоми пардохтии байналмилалӣ дар он аст, ки China Union Pay  имрӯзҳо ба бозор бо суръати баланди амалиётҳои пардохтӣ ва судури корт баромада, дар навбати худ Спитамен Бонк кортҳои ин низоми пардохтиро бароварда, дар ҳамаи чорабиниҳо ва иқдомҳои UPI фаъолона иштирок менамояд. Раиси China Union Pay International ҷаноби Ши Венчао ба кори бонкҳои шарик баҳои баланд дода, қайд намуд, ки имзо шудани меморандум барои ҳамкорӣ кардан оғози хуб буда, дар оянда бо бонкҳои инноватсиионии Тоҷикистон барои ҳамкории мутақобилан судманд доштан, изҳори умед намуд. «Ҳамчунин, ман мехоҳам изҳори миннатдориамро ба Бонки Миллиии ҶТ барои  дастгирии ин ташаббус баён намоям» – илова  намуд ҷаноби Ши Венчао.
35

 Раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк» Ниёзмурод Саидмуродов дар баромади худ қайд намуд, ки “Ҳамоиши имрӯза дар тақвими бонки мо хеле нақши муҳимро дорост. Татбиқи ин меморандум  бахши хизматрасонии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ва густариш дода, бозори низоми пардохтиро васеъ менамояд. Нақши муҳими дигарро барои бонки мо China Union Pay International низ мебозад. Мо шарикони худро ҳамеша дастгирӣ менамоем ва инчунин аз номи коллективи бонк ба гурӯҳи кории China Union Pay International барои гузаронидани кори бузург дар пойдории муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ баён менамоем».

Баъди ба охир расидани маросими имзогузории Меморандуми тафоҳум меҳмонон ба намояндагони бонкҳо сипос гуфтанд ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ мубодила намуданд.

38

Ёдовар мешавем, ки Спитамен Бонк кортҳои пардохтии China Union Pay International пешниҳод менамояд, ки тавассути онҳо комиссияи пардохти мол ва хизматрасонӣ 0%  дар 160 кишвари ҷаҳон мебошад.